Сафари ду мақоми баландпояи Чин дар 20 рӯзи охир ба Тоҷикистон
Дар пайи боздиди вазири дифои Чин аз Тоҷикистон, Го Шенкун, вазири амнияти ин кишвар низ дар доираи як сафари расмии дурӯза вориди Душанбе мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафари Го Шенкун ба Душанбе рӯзи 18 апрел оғоз хоҳад шуд.
Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз боздиди вазири амнияти Чин аз Душанбе иштирок дар вохӯрии 9-уми Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Ин дар ҳолест, ки дар ибтидои моҳи ҷорӣ Чан Вансюан, вазири дифои Чин низ ба Тоҷикистон ташриф оварда буд. Он замон дафтари матбуотии ВУХ далели боздиди Чан Вансюан аз Тоҷикистонро иштирок дар ҷаласаи вазирони дифои Созмони ҳамкории Шанхай, ки рӯзи 1 апрели соли ҷорӣ дар вилояти Суғд баргузор шуда буд, унвон кард.
Вохӯрии 9-уми Котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз 18 то 20 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст, дар котибони Шӯроҳои амнияти Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Узбекистон, Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай ва Сохтори минтақавии зиддиттеррористии Созмони ҳамкории Шанхай низ иштикро кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |