Оҷонсӣ мегӯяд, ба ивази бозори Кабирӣ пуле пардохта нахоҳад шуд (АКСУ ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Як намояндаи Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 14 апрел, ҳангоми баромадаш дар додгоҳи ноҳияи Турсунзода, гуфт, бар ивази бозори “Саховат”-и ин ноҳия, ки муттааллиқ ба ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ аст, пуле пардохта нахоҳад шуд. Дар ҳоле ки қаблан ҳамин ниҳод гуфта будааст, бояд аз соҳибмулки аввали бозор ба фоидаи хонаводаи Кабирӣ ба маблағи 836 ҳазор сомонӣ рӯёнда шавад.
Оқои Кабирӣ ҳарфҳои охири намояндаи Оҷонсиро напазируфта гуфт, “аз додрас даъват мекунам, экспертизаи воқеии бозор гузаронда шуда, маблағи он пардохт гардад. Эксперте, ки аз Вазорати адлия омада буд, бидуни коэфитсент ва бидуни нархи бозор, қимати маҳсулоти сохтмониро ҳисоб карда, онро ба 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ баробар кард. Инҷо нархи хариду фурӯш, нархи замин, аз рӯйи нархи бозор, ҷойгиршавии худи бозор ҳам ҳаст, корҳои зиёди дигаре анҷом шудааст. Агар ҳамаи инро воқеан ҳисоб кунанд, нархи бештар аз 10 миллион сомонӣ пайдо хоҳад шуд." Дар ин бозор, ба гуфтаи ӯ, ҳоло 700 нафар кор мекунанд ва баста шудани он ба рӯзгори хонаводаи ҳамаи ин тоҷирон зарбаи сахте хоҳад зад.
Парвандаи бозори “Саховат”-ро бо даъвои Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Турсунзода баррасӣ дорад. Оҷонсӣ мегӯяд, бозори “Саховат” ба далели камбуд дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад. Яке дигар аз далели мақомот ин аст, ки сокинони атрофи бозор варзишгоҳ надоранд ва “Саховат” ба варзишгоҳ табдил дода хоҳад шуд. Дар мурофиаи гузашта Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кардааст, агар мақомот замин ҷудо кунанд, ӯ омодааст бо сармояи худ варзишгоҳ бисозад. Пешниҳоде, ки аз сӯи даъвогарон пазируфта нашудааст.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси Намояндагон, баъд аз зӯҳри 14 апрел аз бозори “Саховат”-и ноҳияи Турсунзода боздид кард. Ҷаноби Кабирӣ гуфт, барои аввалин бор вориди ин бозор шуда, бо тоҷирон сӯҳбат анҷом медиҳад. Ӯ аз он изҳори таассуф кард, додгоҳ мавқеи пешинаи худро, ки бетарафӣ буд, ҳоло каме тағйир додааст: “Мутаассифона, додгоҳ мантиқеро, ки дар оғоз пеш гирифта буд, каме тағйир дод. Дар аввал талош мекард, ки бетараф бошад ва фикри ду тарафро гирад. Вале дар ду мурофиаи охир дидам, ки яктарафа меравад.”
Ин дар ҳолест, ки додрас Муҳаббат Пардаева барои муайян кардани тақдири минбаъдаи бозори “Саховат”, ки оё тахриб хоҳад шуд ва ё аз соҳибмулконаш бар извари пардохти маблағ харидорӣ хоҳад гардид, ба хонаи машваратӣ рафтааст ва ҳукм рӯзи 15 апрел эълон хоҳад шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |