Итминони Амрико ба Туркия дар робита ба иқроршавии Занҷонӣ

Мақомоти Теҳрон бар инанд, ки Вашингтон Анқараро мутмаин сохтааст, дар сурати шоҳидӣ додани Бобак Занҷонӣ оид ба давр задани таҳримҳои Эрон ва равобити ӯ бо бархе мансабдорони турк барои онҳо мушкиле эҷод нахоҳад шуд.
Тибқи иттилои хабаргузории “Форс”, як мақоми баландпояи турк ба шарти ифшо нашудани номаш, гуфтааст, мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳамтои туркии онҳо набояд дар робита ба қазия ва ифшокориҳои Занҷонӣ нигароние дошта бошанд. Ба гуфтаи ӯ, гӯиё шоҳидӣ додани миллиардери боздоштшудаи эронӣ дар робита ба ҳамкорияш бо мансабдорони турк барои Анқара дар арсаи байналмилалӣ мушкиле эҷод нахоҳад кард.
Ин мақоми турк гуфтааст, моҷарои баҳсбарангези Бобак Занҷонӣ ҷуз як масъалаи дохилии Эрон беш нест. Ин дар ҳолест, ки ахиран Бобак Занҷонӣ гуфт, дар моҷарои гумшавии беш аз 3 миллиард еврои кишвараш танҳо ӯ гунаҳкор нест.
Афкори умуми Туркия ахиран бо Занҷонӣ, ки гуфта мешавад, шарики Ризо Зарроб, тоҷири озарист, ошно шуданд. Ризо Зарроб дар додани ришва ба бархе аз мансабдорони болоии Туркия барои чашмпӯшӣ аз қарордоде, ки барои фурӯши нафту гази Эрон ба Туркия бар ивази тило ба миён омада буд, муттаҳам мешавад.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и беш аз 3 миллиард евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |