"Сюрприз"-и интихоботи 2015: Аввал - имтиҳони забони тоҷикӣ, баъд - курсӣ
Ҳумайрои БАХТИЁР
Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯянд, довталабони курсии Маҷлиси Намояндагон аввал имтиҳони забони тоҷикӣ супорида, сипас вориди рақобат хоҳанд шуд. Меъёре, ки аз сӯи коршиносони мустақил, “монеаи сунъӣ барои роҳ ёфтани мухолифин ба парлумон” арзёбӣ мешавад.
Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИРТ, мегӯяд, то замони баргузории интихоботи парлумонии соли 2015 камтар аз даҳ моҳи дигар боқӣ мондааст ва онҳо корро аз таҳияи 9 санад -- 7 дастурамал, 1 китобча ва 1 тавсиянома оғоз бахшидаанд. “Тасмим дорем, ин маълумотномаҳоро ба таври ройгон (бепул) дастраси мардум кунем”,-гуфт ӯ.
Ба қавли Додоев, ин навбат, қарор аст, ҳангоми ба рӯйхатгирии номзадҳо довталабон ба курсии парлумон нахуст имтиҳони забони давлатӣ супоранд: “Барои имтиҳон гирифтан аз номзадҳо кумисюни махсусе таъсис дода мешавад.” Оқои Додоев илова кард, “муаяйн кардани дараҷаи забондонии ҳар як вакили оянда барои мо муҳим аст. Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ҳанӯз соли 2009 қабул шуда буд. Ҳар як мансабдор вазифадор аст, забони давлатиро хуб донад.”
Ин меъёри КМИРТ вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст. Раъно Охунова, раҳбари созмони ҷамъиятии “Зан ва интихобот” мегӯяд, беҳтар мебуд, мақомот ба дониш ва ҷаҳонбинии номзадҳо таваҷҷӯҳ мекарданд, на забондонии онҳо. “Комилан зидди ба роҳ мондани имтиҳон барои номзадҳо ба курсии парлумон ҳастам. Ҳоло кишвари мо мушкилоти иҷтимоиву иҷтисодии аз ин ҷиддитар дорад. Беҳтар аст, онро бартараф кунанду баъдан КМИР ба муаяйн кардани сатҳи забондонии вакилони мардумӣ машғул шавад”,-таъкид дошт Охунова.
Раъно Охунова гуфт, муаяйн кардани сатҳи забондонӣ ва гузаштани номзадҳо аз ин имтиҳони КМИР боз ҳам вобаста аз ҳайати кумисюн хоҳад буд, ки ба шаффофу мустақил будани онҳо шубҳаҳо зиёд аст. “Пӯшида нест, ки агар кумисюни махсус таъсис дода шавад, он бар нафъи кӣ кор хоҳад кард. Барои мисол, шояд сатҳи забондонии ман хуб аст, вале бо сабабҳои маълуму номаълум ин кумисюн метавонад номзадии маро ба қайд нагирад”,-гуфт ӯ.
Охунова афзуд, таъсиси кумисюн барои санҷиши забондонии номзадҳо ба курсии парлумонӣ дар интихоботи 2015 барои номзадҳои мустақилу мухолиф метавонад монеаи сунъӣ бошад. Исмоил Талбаков, вакили парлумон аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ҳам мегӯяд, таҳияи дастурамалҳо аз тарафи КМИР барои номзадҳо ба курсии парлумонӣ хилофи қонунҳои амалкунанда аст. “Зеро дар санадҳои расмӣ имтиҳон кардани номзад ва муаяйн кардани сатҳи забондонии ӯ дарҷ нашудааст”,-таъкид кард ӯ.
Бо вуҷуди мухолифатҳо, Абдуманнон Додоев мегӯяд, ҳар касе мехоҳад вакил бошад, бояд забони тоҷикиро аз худ бикунад. Илова бар ин, номбурда ишора кард, ки мутобиқи қонун “Дар бораи забони давлатӣ” ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, то забони давлатиро балад бошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |