Парвиз мегӯяд, додгоҳи Русия ҳаққи ӯро нодида мегирад

Парвиз Таваккалов, ҷавони тоҷик ва собиқ донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз нодида гирифтани ҳуқуқаш аз сӯи додгоҳҳои ин кишвар шикоят дорад.
Додгоҳе дар шаҳри Санкт –Петербург моҳи августи соли 2013 ба далели камбуд дар санади будубоши Таваккалов ӯро ба маблағи 5 ҳазор рубли русӣ ҷарима баста, аз қаламрави Русия ихроҷ кардааст. Аммо Таваккалов мегӯяд, ин қарори додгоҳ нисбат ба ӯ ноодилона буд, чун ҳамагӣ замони қайдаш дар хобгоҳи донишкадаи шаҳри Санк-Метербург чанд рӯзе гузаштааст. Вай афзудааст, ӯ донишҷӯст ва набояд аз Русия ихроҷ ва вуруди дуборааш ба ин кишвар манъ карда мешуд.
Дар ҳамин ҳол, вакилони мудофеи Созмони “Мемориал”-и Русия гуфтаанд, барои ҳалли қазияи ин донишҷӯи тоҷик ба додгоҳи таҷдиди назари ноҳияи Приморскийи Санкт-Петербург шикоят бурдаанд, вале ба гуфтаи онҳо, додгоҳ даъвои Парвизро ба назари эътибор нагирифтааст.
Ахиран Додгоҳ шикояти Таваккаловро, ки ҳанӯз моҳи октябри соли гузашта ирсол шуда буд, моҳи марти соли ҷорӣ ба баррасӣ гирифта, дар мурофиаи бидуни ҳузури ҷониби даъвогар қарори додгоҳи аввалия дар мавриди айбдор будани донишҷӯи тоҷикро бетағйир боқӣ гузоштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |