Мақоми болотари Насим Олимов баъд аз як соли барканорӣ

Насим Олимов, сардухтури Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои қалби Тоҷикистон, ки соли гузашта дар пайи ҳалокати пирзани 72-сола дар беморхонаи Қарияи болои шаҳри Душанбе аз вазифа озод шуда буд, ба мақоми болотаре таъин гардидааст. Бар асоси иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Насим Олимов ҳоло муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар шудааст.
Зоҳиран Олимов ба курсии холимондаи Соҳибназар Раҳмонов нишастааст, ки шаш соли охир дар мақоми муовини вазири тандурустӣ кор мекарду моҳи феврали соли ҷорӣ сабукдӯш гардид. То ҳол далели барканории ӯ ошкор нашудааст.
Насим Олимов охирҳои моҳи майи соли гузашта дар пайи даст ба худкушӣ задани пирзани 72-солае дар беморхонаи Қарияи боло ҳамроҳ бо ду муовини худ бо дастури вазири тандурустии кишвар зимни як ҷаласаи изтирорӣ аз вазифа озод карда шуда буд. Таъин шудани кадрҳои қаблан ба хотири ҷой доштани камбуд дар рафти ифои вазифаашон ба мақомҳои нав бори аввал нест.
Ахиран Анвари Вайсиддин, ки охири соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон аз симмати раиси шаҳри Ваҳдат барканор шуда буд, мансаби нав гирифт. Оқои Вайсиддин ҳоло муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" таъин гардидааст. Ин дар ҳолест, ки баъди барканории Анвари Вайсиддин аввали соли равон сарусадо оиди ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ паҳн гардиданд. Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасод ҳам аввали соли равон таъйид кард, ки дар фаъолияти Анвари Вайсиддин камбудиҳо ошкор кардаанд, аммо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯро рад кард, вале гуфт, дар кори ӯ баъзе камбудҳо буданд, ки ислоҳ шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |