Радди тарҳи пешниҳодии ҲНИТ аз сӯи Саркумитаи парлумон

Саркумитаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон тарҳи қонун “Дар бораи интихоботи парлумонӣ”-ро ки аз сӯи вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод шуда буд, рад кардааст.
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили парлумон, ба “Озодагон” гуфт, аз тарҳи пешниҳодии онҳо вакилон танҳо ду банди онро мақбул донистаанд. “Яке аз пешниҳоди мо ин буд, ки гаравпулии номзадҳо ба 20 нишондиҳанда поён оварда шуда, дар сурати ба даст овардани 10 дарсади раъйи мардум новобаста аз пирӯзӣ ва бохт гаравпулӣ ба номзад баргардонида шавад. Саркумита қисми аввали ин пешниҳодро рад кард, аммо баргардонидани гаравпулиро ба номзад дар сурати гирифтани 10 дарсади овози мардум, қабул намуд”,-афзуд ӯ.
Оқои Ҳусайнӣ дар идома гуфт, “қисми дигаре, ки саркумита аз лоиҳаи мо қабул кард, ин бо худкори рангӣ (ручка) пур кардани протоколҳо мебошад.”
Муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон илова кард, дар умум лоиҳаи пешниҳодкардаи онҳо аз 11 қисм ва зерқисмҳо иборат буд. Ба гуфтаи номбурда, “барои рад кардани ин лоиҳа ҳукумат ва дигар кумитаҳои парлумон дар хулосаи худ баҳонаҳои зиёд овардаанд.” Муовини роҳбари ҲНИТ гуфт, ҳоло ду қисм аз лоиҳаи онҳо аз тарафи саркумита ба Шӯрои Маҷлиси Намояндагон фиристода шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |