Нақли Сироҷиддин дар бораи он ки чигуна ярч Лола ва ҳамсояҳояшро кушт
Сироҷиддин Ҳафизов, сокини ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод, шаби 12 ба 13 апрели соли ҷорӣ дар пайи фаромадани ярч чанде аз наздикони худро аз даст додааст. Ҳафизов мегӯяд, Лола Орзуеваи 30-сола хешованди онҳо буд, ки ҳангоми чаппа шудани кӯҳпора бо писарчааш зери лою об монда, даргузаштааст.
Мусоҳиби мо афзуд, “духтарчаи Лола каме аз онҳо дур будааст. Модар писарашро гирифта аз хона мебарояд ва дар ҳамин вақт таҳи лой мемонанд. Духтарчааш зинда мондааст.”
Ба қавли Сироҷиддин Ҳафизов, дар пайи фаромадани кӯҳпора хушдоман ва додари ҳамсараш низ ҷони худро аз даст додаанд. “Дигар хонаводае, ки дар ин ҳодиса нафари зиёдеро аз даст дод, оилаи Нурмаҳмад Исмоилов мебошад”,-нақл мекунад мусоҳиби мо. Ба гуфтаи ӯ, “аз ин хонавода ду духтари Нурмаҳмад Исмоилов, ҳамсараш, ду набера ва келинаш, ки ҳомила будааст, ҷони худро аз даст додаанд. Худи акои Нурмаҳмад зинда мемонад. Мегӯянд, ӯ замони омадани сел ва чаппа шудани кӯҳпора дар деҳаи боло будааст.”
Бар асоси иттилои сокинони ҷамоати деҳоти Саричашма дар ин ҳодиса аз 3 оила ҳамагӣ 13 нафар қурбон шудаанд. Чанд тан аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, 13 апрел намози ҷанозаи онҳоро хонда, дар мазори Одинабой дафн намудаанд.
Моҳи майи соли 2010 низ дар пайи омадани сел 5 тан аз сокинони Саричашмаи Шӯрообод ҷони худро аз даст дода буданд. Баъд аз ин ҳодиса комиссияи махсус ташкил гардид, ки бояд сокинон ба манотиқи дигари бехавф кӯчонда мешуданд. Вале аз соли 2010 то инҷониб дар маҳаллаҳои хатарзо, ки асосан дар фасли баҳор омадани сели зиёд ба ҷони сокинонаш таҳдид мекунад, нафарони зиёде умр ба сар мебаранд.
Тошмуҳаммад, як сокини деҳаи Саричашма, гуфт, ҳарчанд барои бархе сокинони маҳаллаашон дар фурудгоҳи кӯҳнаи Саричашма замин ҷудо намуданд, вале на ҳама имкони сохтмони хонаро дар он ҷо доранд: “Барои ба он ҷо кӯчидан маблағ лозим, дар деҳа шароит чандон хуб нест, ки мардум хонаҳои худро тарк намуда, он ҷо рафта хона созанд. Ҳоло хонаҳое, ки мо зиндагӣ дорем, касе барои харидории онҳо таваҷҷӯҳ надоранд. Медонанд, ки ин ҷо оянда надорад, агар ба фурӯш мерафтанд, ба маблағи ин хонаҳо он ҷо манзил бунёд мекардем.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |