Ишораи рӯҳонии афғон дар бораи дӯшизаҳои тоҷик чӣ маъно дорад?
Мавлавӣ Азизуллоҳ Муфлиҳ, имоми яке аз масоҷиди ҷомеи Афғонистон, дар як сӯҳбати худ духтарони тоҷикро дар сабукпоӣ дар давлати исломӣ муттаҳам мекунад. Ин навор маълум нест, кай сабт шуда, аммо тоза вориди шабакаи Ютуб гардидааст.
Мавлавӣ Азизулллоҳ дар мавъизае бо ишора ба фасодзадагӣ дар вазоратхонаҳои Афғонистон мегӯяд, “аз ироаи хадамоте, ки аз тариқи дӯшизаҳои Тоҷикистон дар боғи Бобул сурат мегирад, бехабар нестем. Давлати бузургвори муҳтарам, вазорати иттилооту фарҳанг куҷо дар хоб ҳастӣ, чаро дар хоб ҳастӣ?” Ин имоми афғон дар идома аз парлумони кишвараш даъват мекунад, вазири фарҳанг сабукдӯш гардад.
“Мо хоҳиш мекунем, ин вазири беҷавҳар барканор шавад. Кӯча-кӯчаҳои моро солунҳои рақс, фасодхонаҳои расмӣ фаро гирифтааст”,-таъкид мекунад ӯ.
Ба қавли Мавлавӣ Азизуллоҳ Муфлиҳ, дар салонҳое, ки ба номи толорҳои арӯсӣ сабт шудаанд, шаробнӯшӣ мешавад ва “миллионҳо зино” сурат мегирад: “Хоҳиши дигар аз парлумон ин аст, ки пиромуни солунҳои арӯсӣ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ сурат бигирад”. Ӯ мегӯяд, “имрӯз озодии бехуде, ки ҳукуматҳои ғарбӣ барои ҷомеаи исломӣ пешкаш мекунанд, бо фарҳанги волои мо, бо дини мо, бо мазҳаби мо, бо қомусу фарҳанги муқаддаси мо дуруст намегирад. Ин ҳама як фоҷеа, як мусибат аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |