Сел дар ноҳияи Восеъ ҷони Муҳаррамаи шашсоларо рабудааст
Дар пайи омадани сел дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон Муҳаррама Муродоваи шашсола, сокини деҳаи Навбаҳор, ҷон бохтааст. Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ, дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “сел шаби 12 ба 13 апрел омада, сокинонро ғофилгир кард”.
Ба қавли мусоҳиби мо, сел 268 манзили сокинони Чордара, Тугарак, Навобод ва Навбаҳори ноҳияи Восеъро вайрон намудааст. “Айни ҳол барои зарардидагон кумакҳои аввалия расонда мешавад. Ҳанӯз хисорот ҳисоб нашудааст ва базудӣ ҳамаи он дақиқ ва эълон хоҳад шуд”,-гуфт Муҳаммадризо Қурбонов, ёвари раиси ноҳияи Восеъ.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои расмӣ, дар пайи боришоти зиёду фаромадани ярч дар ноҳияи Шӯрообод низ 13 нафар, ки 7 тани онҳо ноболиғ будаанд, ба ҳалокат расидаанд. Рӯзи 13 апрел бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ситоди кумак ба зарардидагони сел дар минтақаи Кӯлоб бо раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир, таъсис шуд. Оқои Алимардон субҳи 14 апрел дар як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, ҳоло бо вазъи зарардидагони сел аз наздик ошно шуда, ба Душанбе меояд ва баъдан муфассал сӯҳбат хоҳад кард.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, то кунун ба оилаҳои зарардида 60 хайма, 30 тонна сӯзишворӣ ва барои 3 хонаводаи зарардида маводи ғизоӣ фиристодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |