Лимит кай бекор мешавад? Барқи тоҷик: Ҳаво гарм шавад!
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, ҳоло маълум нест, маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинони кишвар кай бардошта мешавад.
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ин ширкат, рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, маҳдудияти барқ вақте бекор карда хоҳад шуд, ки ҳаво гарм ояд: “Аз сабаби он ки ҳоло дар обанбор захира хеле кам аст, наметавонем якбора маҳдудиятро бекор кунем.” Ба гуфтаи ӯ, гӯиё ҳоло ба сокинони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон вобаста аз маҷрои об аз 8 то 10 соат барқ дода мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки сокинони ҷаомати Урметани ноҳияи Айнӣ тайи як тамоси телефонӣ бо “Озодагон” аз риоя нашудани маҳдудияти реҷаи барқ шикоят карданд. Даврон Давронов яке аз сокини ин ҷамоат гуфт, онҳо танҳо дар рӯзҳои иди Наврӯз бо барқ таъмин буданд: “Танҳо 5 рӯзи наврузӣ рӯзона бо барқ таъмин будем. Аз он ба баъд давоми рӯз танҳо ду соат бегоҳ ва ду соат субҳ барқ медиҳанд.”
Сокинони ноҳияи Айнӣ мегӯянд, интизор буданд, ки “лимит”-и барқ аз 10 апрел, чӣ тавре ба қавли эшон, Барқи тоҷик ваъда дода буд, лағв карда мешавад. Аммо Нозирҷон Ёдгорӣ афзуд, онҳо тасмими аз 10-уми апрел бекор кардани маҳдудияти барқро надоштаанду ин вобастагӣ аз боду ҳаво дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |