Бахшҳо

Посухи Тӯраҷонзода ба “Ҷаҳони андеша”-и Комил Бекзодаву ёронаш

Эшони Маҳмудҷон Тӯраҷонзода, руҳонии маъруфи тоҷик, бо нашри матлабе ба муаллифони китоби “Ҷаҳони андеша” посух дода, бовар надоштани эшон ба мавҷудияти Худовандро ноқисулақлию камдонишӣ хондааст.

Ин руҳонии тоҷик бо иқтибос аз тарҷумаи ҳоли бархе аз олимон гуфтааст, “боварӣ ба Худо маънои ҷоҳилу хаёлпарастӣ ва хурофотӣ буданро надорад. Агар чунин бошад, пас, чӣ гуна Шумо дастовардҳои илмии уламои гузаштаи таърих, аз ҷумла Нютону Дарвин, Эйнштейну Сино, Ҳайсамию Фирдавсиро мепазиред?”

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло садҳо далелу омилҳое ҳастанд, ки вуҷуди Худовандро исбот мекунанду дигар набояд дар ин бора шакку шубҳа кард ё дунболи ҳуҷҷат гашт: “Ба қавли Мавлонои Рум ва Мирзо Абдулқодири Бедил дигар имрӯз барои исботи ҳастии Худо далелу бурҳон ҷустан ва ё дархост намудан нанг ва аблаҳӣ аст. Ҳамонгуна, ки дар рӯзи равшан бо чароғ ҷустани офтоб ҳамоқату нодонист.”

Эшони Маҳмудҷон дар идома афзудааст, тавре муаллифони “Ҷаҳони андеша” ақида доранд, “ҳар киро ва ё ҳар миллатеро илму донишаш бештар, куфру инкораш нисбати вуҷуди Худо бештар...” пас, бояд аксари донишмандон дар тӯли таърих ва сониян мардуми Аврупову Амрико, ки пешрафтатарини миллатҳо дар илму дониш ҳастанд, нисбат ба ҳастии Худо мункиртару кофиртар мебуданд. “Вақте 90% мардуми кураи замин, ба хусус аксари нобиғаҳо ва донишмандон дар тӯли таърих то имрӯз, бо Шумо – ай мункирони Худо – ҳамфикру ҳамақида нестанд, пас, беҳтар аст, Шумо нахуст ба ақли худ, ва сипас ба илму дониши шахшудаи худ таҷдиди назар намоед, то агар қобили муолиҷа ва ислоҳ бошад, пас дар пайи дармон ва ислоҳи он шавед! Ва агар ислоҳнопазир бошад, пас айбу нуқсон аз ҷониби шумо ва ақли ноқиси шумост, на хуршеди оламоро...”,- навиштааст ӯ.

Дар охир Эшони Маҳмудҷон изҳор доштааст, "монанди достони Фиръавни Миср ва фиръавниёни асри 20, ҳар кадом аз мо ва Шумо хонандагони азиз дар таърихчаи зиндагии хеш саргузашти бисёр касонеро медонем, ки дар айёми ҷавонӣ ва мансабдорию сарватмандӣ, ончунон масту мағрури дунё ва молу мансаби дунё буданд, ки Худову ибодаташ ба гушаи хаёлу хотири эшон намегузашт. Ва баъзе аз онҳо, аз ҷумла баъзе мансабдорони комунист ва комунистмаоб на танҳо мункири Худо, балки душмани сарсахти Ӯву дин ва мардони роҳаш буданд. Ҳатто бо Худо ва динаш эълони ҷанг карда буданд. Ҳангоме ки эшон ба рӯзгори пирӣ ва нафақаю бознишастагӣ расиданду дарҳои ҳукумат ва мансабдориро ба рӯи худ бастанд, ба сабаби заъфу нотавонӣ умедашон аз тӯли зиндагӣ ва мансабу вазифа қатъ шуд, фосилаи худро бо қабр ва дарвозаи марг чанд қадам диданд, якбора 180 дараҷа тағйири равиш доданду бо ришу тасбиҳ, Худогӯю намозхон ва масҷидрав шуданд. Сабаб ва иллати ин инқилоби азим ва таҳаввулоти бузург дар зиндагии афроди гузашта дар чист? Албатта, посухи ин суол, ҳамон имони фитрӣ ва майлу ҷозибаи руҳӣ – равонӣ аст, ки дар чунин ҳолати ноумедӣ онҳоро ба сӯи Худо мекашонад.”
Мӯҳр
Тарафдор
Саломат боши Эшони Махмучон Худо ачрат дихад. Ин шурои уламои мо аз хоб кай мехеста боша!

Худованд Шуморо нигах дорад Эшони Махмудчон!

Худованд Шуморо нигах дорад Эшони Махмудчон!

Точик
Худованд шумову бародаронатонро хифз кунад!Худоё шукурат ки хануз чунин олимон дорем!

Вайс
Хайрият, ки хамин Турачонзодахо хастанд, дар бисёр мавридхои ҳасос аз мукадасоти Ислом хифз мекунанд. Муфти чаро нисбати ин масъала хомуш аст? метарсам, ки ин ноқисулақлию камдонишии мункирони Худоро демократияву озодии баён эълон накунанд.

мурод
ОФАРИН!!!!!!
ЧАВОБИ ЗЕБОЕ!!!!!
АЗ ШУМО ФАХР МЕКУНЕМ!!!!!

Али
Барои чи ин хукуматдорхо ин китоба чопашба ичозад медиханд ! Барои онки чомеьая аз ислом дур кунанд.

Олим
Ман шахсан аз рафтору гуфтори ин бародарон дар хайратам.Якттоаш мегуяд агар зарур бошад дуруг гуфтан гунох нест.Пас он коммунистон аз ноилочи коммунист шуданд.чи хеле ки ачдодони мо бо шамшкру табар исломро пазируфтан.Чунки зарур буд агар не Кутайба хамаро мекушт.Бале тамоми инсони олам ба худо бовар дорад ва талабгор исботкунии он нестанд.Он олимхоро.ки домуллои мухтарам номбар кард онхо худоро бо аклу хирадаш дарк намуданд ва эхтиеч ба гуфтори рухониени чохил надоштанд.Магар Синоро рухониен кофир нагуфтан хусусан Газзоли камсаводи олими дин.Шумо мегуед.ки бисьер касонеро медонем.кимасту магрури дунеанд.Бале мо хам медонем Турачонзодаю Нуриро магар онхо барои молу дуне мубориза набурданд?Он боигарие.ки бади чанг онхо пайдо карданд аз хаво галтид?Сабаби асосии чанги шарванди тамоми муллохо буданд.аз он чумла мулло Хайдар.дар кулобТуачонзода дар Душанбе Нрию Киемиддин дар Кургонтеппа.Шумо имруз танхо давраи коммунистиро танкид карда метавонед вале аз тарзи хаети халк то инкилоб намегуд.Ое он рафтори ашрофону рухониену шайхон худотарси буд.Худотарс факат одами.ки бо мехнати халол зиндаги мекунад.Дигарон парво надоранд е мулло бошад е коркуни давлат бошад дар фикри молу дунеанд ва истисмори халк.Зиндагии шохон бе фиребгарию горатгари набуд ва фатвозанони дарборашон боз хамон муллохо буданд.Е ПАРВАРДИГОРИ ОЛАМ МАРО ХИДОЯТ КУН БО ОН РОХИ КИ НИШОН ДОДИ ВА НИГАХБОНАМ БОШ АЗ РОХИ ДОМУЛЛОХО КИ ХАТОСТ

парвпрдигоро аввалан туро сипос мегуям ки чунин шахсиятхоро дар байни мо мардуми точик офариди сипас аз ту илтичо мекунам то ин шахсиятхоро сарбаланду обруманд гардон то аз унхо истифода кунем

адвакат
Офарин Турачонзодахо Худованд ёру мададгоратон бошад! бехтарин посух барои мункирони киёмат.
Бародарон як чизро фаромуш накунед, ки точикон дарин мудати кутох дар саросари дунё пахн шуданд ва шахрвании давлатхои хоричиро гирифтанд, вале мутаасифона баъзеашон орзуи абади шахрвандии Чаханнам(дузахро) доранд!!! "Гумрохшудагон азоби Дузах абадист! тавба кунед! Худованд омурзандаву мехрубон аст.

Чавоб ба олим
Аввал инки агар ачдодони ту бо зури табар мусалмон шуда бошанд шак надорем, зеро маълум шуд ки то хануз таъсираш дар ту хаст. Аммо ХХДТ дар ба Камол Бекзода пул додааст ки ингуна андешахои куфромезро нависад , то мардум ва домуллохои мухтарам ба бахсу кашмакаш гирифтор шуда аз вазъияти фалачи иктисоди ва сиёси гап назананд.

Хурсанд
Дер боз интизори посух ба ин "олимхо" аз суйи хонадони азизу арчманди Турачонзодахо будем. Харчанд дертар посух омад, аммо дандоншикан ва нишонрас. Зинда бошед, мухтарам Эшони Махмудчон!

Яъкуб.
Шурои <уламо>чаро хомуш хаст.Як шиор хаст,ки сокит будан нишонаи розигии онхост.

точик
чавоби бедалел. суханхои хушку холи. точикистон аз дасти тудаи чохил, хам ман,абдорон ва муллохо кай халос шавад! оммаро мисли гови чушои истифода кврда истодаанд

zanja_23
Заифи ва дастнигар будани мардуми точик аз худ парастии мансабдоронаш хаст Эшон хуб ишора кардаст то ноумед аз молу манзаб нашаванд ба суи Худо дасти дуо намебардоранд...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)