“Сайри гули лола”. Боз як ид дар Тоҷикистон?
Дар шаҳри Душанбе нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ташкил ва баргузор намудани ҷашни “Сайри гули Лола” баргузор шудааст. Ин ҷаласа таҳти раёсати Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон сурат гирифта, дар ҷараёни он таҳияи низомнома ва тартиби баргузории ин ҷашнро ба баррасӣ гирифтаанд.
Таъкид шуда, ки ҷашни “Сайри гули Лола” бояд ҳамасола дар фасли баҳор баргузор шавад. Ҳадафи онро “эҳёи суннатҳои ниёгон дар тарғиби ҳисси зебоипарастӣ, ободу зебо гардонидани муҳити зист, талқини хислати гулпарварӣ миёни шаҳрвандон, нигоҳдории арзишҳои табиӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳон ва рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон” унвон кардааст.
Тибқи қарори Кумитаи тадорукот гуруҳи корӣ аз ҳисоби намояндаҳои Дастгоҳи иҷроияи президент, Вазорати фарҳанг, кумитаҳои телевизион ва радио, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, иттифоқҳои нависандагон, рассомон, суратгирон, дизайнерон ва коршиносон таъсис ёфт. “Гуруҳи мазкур давоми ҳафтаи оянда аз гулбоғҳои пойтахт ва маҷмааҳои давлатӣ боздид намуда, вобаста ба сифат, ранг, дизайн, зиччӣ, пайвастагӣ ва ҳаҷми кишти гулҳо баҳогузорӣ менамоянд. Ғолибон бо пешниҳоди хулосаи гуруҳи корӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукот муайян шуда, бо мукофотҳо қадршиносӣ мегарданд”, -меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |