Чоршанбе, 2 Апрел 2025
Даромади солонаи Путин аз Медведев камтар будааст
Тайи 12 моҳи соли 2013 даромади Владимир Путин, президенти Русия 3,672 миллион рублро ташкил додааст, ки дар қиёс ба соли 2012, 2,12 миллион рубл камтар мебошад. Дар ин бора RBK хабар додааст.
Дмитрий Песков, сухангуи Путин гуфтааст, коҳиши даромади президент ба он бастагӣ дорад, ки соли 2012, ӯ барои истифода накардани рухсатияш, ҷубронпулӣ гирифта буд.
Ба ҷуз ин, баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан дар деклоратсияи Путин номи ӯ навишта нашудааст. Соли 2012 Людмила Путин 121,3 ҳазор рубл даромад дошт.
Дмитрий Медведев, раҳбари ҳукумати Русия бошад, соли сипаришуда дар муқоиса ба соли 2012, 1,5 миллион рубл камтар даромад доштааст. Агар дар соли 2012 даромади нахуствазир 5,81 миллион рубл буд, пас соли 2013 он ба 4,26 миллион рубл расидааст, меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |