Интихобот, менталитети Ғаффоров ва нороҳатии Кабирӣ
Ҳумайрои БАХТИЁР
Масъулони ҳизбҳои сиёсии мухолиф дар Тоҷикистон мегӯянд, баргузории интихоботи озоду шаффоф на аз хулосаву тавсияи созмонҳои байналмилалӣ, балки аз ислоҳот дар қонун ва талабҳои худи сокинон вобаста аст. Ин ҳарфҳо дар пайи муаррифии хулосаи ниҳоии САҲА (ОБСЕ) дар бораи интихоботи президентии моҳи ноябри соли гузаштаи Тоҷикистон садо дод.
Дар хулосаи ниҳоии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки 9 апрел дар Душанбе муаррифӣ шуд, ба ҳукумати Тоҷикистон 34 тавсия пешниҳод гардидааст, ки Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ танҳо маслиҳатҳои ҷузъии онро қабул кард. Аз ҷумла, КМИР пешниҳоди САҲА дар мавриди ба эътибор гирифтани муҳоҷирон ҳангоми ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро рад кард.
ВАҚТЕ ТАВСИЯҲО ҚАБУЛ НАМЕШАВАНД...
Маҳмадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гуфт, аз ин радду бадали КМИР-у САҲА барояш маълум гардид, ки ҳукумати Тоҷикистон тағйиру илова ва ё тавсияи созмонҳоро барои баргузории як интихоботи шаффоф қабул надорад. “Маро як савол азоб медиҳад. Нозирони САҲА меоянд, мониторинг мекунанд ва хулосаҳояшон тавсиявӣ ҳасту аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешавад. Пас, чӣ зарурат дорад, ки ин созмон ва ё ҳар кишвари дигар маблағи андозсупорандагони худро масрф карда, инҷо биёянд?”,-таъкид дошт ҷаноби Ҳайит.
Ноиби раиси ҲНИТ дар идома гуфт, нозирони САҲА аз соли 1999 ба ин сӯ аз ҷараёни интихоботи Тоҷикистон назорат мебаранд, вале дар ин муддат аз хулосаву пешниҳоди онҳо ҳукумат танҳо нуқтаву вергулҳоро қабул мекунаду бас. Вай таъкид дошт, барои баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ иродаи сиёсӣ лозим аст.
ЧАРО ҲАМА ИВАЗ МЕШАВАНД, БА ҶУЗ АЗ ПРЕЗИДЕНТ?
Доктори илми ҳуқуқ Шокирҷон Ҳакимов, муовини роҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) дар идомаи баҳс гуфт, иллати аслии ба таври шаффоф ва демократӣ баргузор нагардидани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон адами иродаи сиёсӣ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон аст. Ба иддаои ӯ, “аз соли 1991 ба ин тараф он ҳама интихоботе, ки баргузор гардиданд, ғайришаффоф ва демократӣ ҳастанд”.
“Тамоми таҷриба ва натиҷаи интихобот гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон барои таҳкими сиёсӣ ва ивазшавии ҳукумат касе манфиатдор нест. Чунки аксари мансабҳо бо роҳи фасод, маҳалгароӣ ва хешутаборчигӣ ба даст оварда шудааст”,-афзуд ӯ. Ҳакимов мегӯяд, то замоне дар Тоҷикистон мубоҳисаҳо миёни аҳзоби сиёсӣ, парлумон, коршиносон ва мансабдорон ба роҳ монда нашавад, ин ҳама тавсияҳои нозирони байналмилалӣ беарзиш хоҳад буд.
“МЕНТАЛИТЕТИ ТОҶИКОН ФАРҚ ДОРАД”
Абдуҳалим Ғаффоров, роҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ дар соли 2013 гуфт, дар ҳеч кишвари ҷаҳон интихоботе сад дарсад ба таври демократӣ сурат намегирад. Ба бовари номбурда, вақте созмонҳо эрод мегиранду меъёрҳои худро муаррифӣ мекунанд, набояд менталитети тоҷиконро фаромӯш кунанд: “Бояд ба назар бигиред, ки менталитети Тоҷикистон аз менталитети он кишварҳову созмонҳо фарқ дорад. Инҷо менталитети шарқӣ ҳасту онҷо ғарбӣ. Мо бояд фарқ кунем ва ҷиҳатҳои имрӯзии хусусиятҳои шарқиро ҳамчун намуна нишон бидиҳем.”
НОРОҲАТИИ КАБИРӢ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ишораи ширкатдорони нишаст дар мавриди менталитет як каме изҳори нороҳатӣ кард. Ӯ гуфт, “хоҳиш мекардам, дар ҳузури дигарон ба ин нукта камтар ишора бикунанд. Чунки аз ин мо як каме эҳсоси нороҳатӣ мекунем. Тамоми миллатҳо метавонистаанд интихоботи шаффофу демократӣ баргузор намоянд, миллати мо наметавонистааст. Атрофи ин, хусусан касоне суҳбат мекунанд, ки иҷозат медиҳанд дар меҳмонхонаи 5-ситорадор кор кунанд. Аммо барои баргузории як интихоботи ҷавобгӯ ба стандарти байналмилалӣ барои мо менталитет халал мерасонад.”
Дар идомаи баҳси аҳзоб ва коршиносон атрофи баргузории як интихоботи шаффофу демократӣ, Ойниҳол Бобоназарова, танҳо номзади зан ба курсии президентии Тоҷикистон дар соли 2013 гуфт, субот онҷое хоҳад буд, ки ҳақиқат ва озодӣ вуҷуд дорад. Ӯ аз мақомдорони тоҷик хост, то ҳарчӣ бештар аз дурӯғгӯӣ канора гиранд ва ҳақиқати ҳолро ба мардум бигӯянду бар асоси он кор кунанд. Исмоил Талбаков, муовини роҳбари Ҳизби комунисти Тоҷикистон ва номзади дигар ба маснади президентӣ, ишора бар он кард, ки барои баргузории интихоботи шаффоф ба қонунҳои “Дар бораи интихоботии президентӣ”, “Дар бораи интихоботи парлумонӣ” ва “Дар бораи аҳзоби сиёсӣ” бояд ислоҳот ворид кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |