Мулоқоти сарвазирони тоҷику қирғиз барои ҳалли баҳсҳои марзӣ
Абдурраҳмон Маматалиев, муовини сарвазири Қирғизистон аз мулоқоти сарвазири ин кишвар бо ҳамтои тоҷикаш дар авохири моҳи апрели соли ҷорӣ ба хотири ҳалли баҳсҳои марзӣ хабар додааст.
Маматалиев зимни ҷаласаи парлумонии кишвараш гуфтааст, ҷаласаи навбатии гуруҳҳои кории Қирғизистону Тоҷикистон оид ба умури марзӣ рӯзи 15 апрел дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ҷаласаи ин гуруҳҳои корӣ сана ва макони дақиқи мулоқоти сарвазирони ду кишвар дар робита ба баҳсҳои марзӣ муайян хоҳад шуд.
Муовини сарвазири Қирғизистон дар идома изҳор доштааст, ки кишвараш бо Тоҷикистон 970 киллометр марзи муштарак дошта, то ба ҳол ҳудуди 560 киллометри он аломатгузорӣ шудааст.
“Аз соли 2002 ба ин сӯ, гуфтугӯи мақомоти Душанбею Бишкек оид ба аломатгузории хатти марз идома дорад. То ба ҳол ҷонибҳо дар робита 27 бор мулоқот кардаанд, вале ба хотири вуҷуд доштани масоили баҳсӣ натавонистаанд, ба хулосае расанд. Ҳоло ҳукумат тарҳи ҷудо намудани маблағ аз буҷа барои ҳалли баҳсҳои марзиро ба баррасӣ гирифтааст.”- афзудааст, ӯ.
Маматалиев дар охир таъкид кардааст, "ҳоло яке аз ҳадафҳои аслӣ бунёди роҳи мошингардест, ки қаламрави Тоҷикистонро давр занад. Дар мавриди деҳаҳои Оқсой ва Куктош гуфтаниам, ки ин заминҳо моли қирғизҳо ҳастанд, ҳарчанд ҳоло ҷониби Тоҷикистон иддао дорад, ки заминҳои баҳсӣ мебошанд."
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |