Бахшҳо
11 апр 2014 10:38Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Парванда алайҳи пулиси Вахш барои марги Низомиддини 27-сола

Додситонии вилояти Хатлон аз рӯи марги ҷавони боздоштшуда Низомиддин Ҳомидов дар шуъбаи пулиси Вахш алайҳи навбатдори шуъба Зайниддин Назриев парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Зебо Қосимова, вакили мудофеи хонаводаи Ҳомидовҳо хабар дода, афзуд, ки парванда алайҳи навбатдори шуъбаи пулис барои хунукназарӣ боз шудааст.

Аммо Ҷунайдулло Ҳомидов, сокини ноҳияи Вахш иддао дорад, ки маъмурини пулиси ин ноҳия писараш-Низомиддини 27-соларо дар пайи латукӯб кушта, ба онҳо гуфтаанд, ӯ худаш дар шуъбаи умури дохилӣ худро ба дор овехтааст.

Ҷунайдулло Ҳомидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш шаби 30-юми март, аз толори саққобозӣ боздошт шудааст ва рӯзи дигар ду маъмури пулис бе ягон ҳуҷҷат хонаашонро мавриди бозҷӯӣ қарор дода, ба онҳо гуфтаанд , писарашон дар дуздӣ муттаҳам мешавад: “Ман чун фаҳмидам, писарам дар боздошт аст, барояш ғизо бурдам, аммо маъмурини пулис ғизоро гирифта, писарамро ба ман нишон надоданд. Субҳи рӯзи дигар бародарам аз Душанбе ба ман занг зада гуфт, ки писарат дар шуъбаи умури дохилӣ мурдааст.”

Ҳомидов мегӯяд, маъмурини пулис ба ӯ гуфтаанд, ки писараш худашро ба дор овехтааст, аммо ӯ ба ин бовар надорад: “Писарамро латукӯб кардаанд. Доду фарёди писарамро аз ошёнаи дуюми шуъбаи умури дохилӣ ҳатто сокинони назди шуъба шунидаанд.”

Аммо роҳбарияти шуъбаи пулиси Вахш мегӯяд, далелҳои беасос будани ин иддаои Ҳомидовро дорад, ки танҳо дар сурати мулоқоти рӯ ба рӯ ба рӯзноманигорон пешниҳод хоҳанд шуд.
Мӯҳр
abdullo
Salomalekum ozodagon: dar in jumhurii mo hamma khudro mekushan, khudro mepartoyand, khud az khud saktai dil meshavand dai in shubahoi VKD to ba kai in durughgui davom medoda boshad. Bo in hel gapho hato tiflro fireb kardan dushvor ast, holo kujo mardumi sohib aqlro. Bas budagist AFSONA gui.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)