Бахшҳо
10 апр 2014 11:49Тоҷикистон / Сиёсат

Даъвои дубораи вакилони Зайд Саидов алайҳи Абдуфаттоҳи Ғоиб

Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори зиндонӣ ва вазири пешини саноати тоҷик аризаи даъвоии худро аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон дубора ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт супурдаанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Саидов рӯзи 10 апрел дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, аризаи шикоятии худ аз болои раҳбари оҷонсиро баъди мукаммал кардан дубора ба додгоҳ пешниҳод кардаанд.


Ӯ мегӯяд, “талаби мо аз додгоҳ ин аст, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб барои паст задани шаъну шарафи мо раддия пахш кунад ва ҳамчунин барои расонидани зарари маънавӣ 1 сомонӣ пардохт кунад.” Қудратов далели як сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардани худро шарҳ дода, афзуд, "албатта вакилон метавонанд аз раиси Оҷонсии мубориза бо фасод маблағи зиёд талаб кунанд, аммо шаъну шарафи инсонӣ қиммат надорад."

Вакилони мудофеи Зайд Саидов рӯзи 17 феврали соли ҷорӣ аз болои раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурда буданд. Вале баъдан додгоҳ ҳафтаи гузашта аризаи шикояатии вакилони Зайд Саидро бо далели кам будани маълумот рад кард.

Абдуфаттоҳи Ғоиб рӯзи 4 феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, ки муфаттишон ба додгоҳ пешниҳод кардаанд, 99,9 дарсад дуруст аст. Дар мавриди он ки вакилони мудофеъ навори масъулини “Био Папа”, масъули ташхиси ДНК-и Зайд Саидовро, пешниҳод карда, нишон доданд, ки хулосаи ироакардаи муфаттишон тақаллубӣ аст, Абдуфаттоҳи Ғоиб изҳор дошт: “Ин кори дасти вакилон аст, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ба наздикони Зайд нишон диҳанд, ки кор карда истодаанд. Зеро мо медонем, ки 9 моҳ боз адвокатҳо ҳатто субҳонаро дар хонаи Зайд Саидов мехӯранд.”
Мӯҳр
1212
Агар такаллуби мебуд барои чи дар дар асоси моддаи 340 КЧ ЧТ нисбати адвакатхо парванда огоз накарденд. Хело ачоиб.

як сомонию 01 дирами бе наиштаи "пора" талаб кунед, ки капатон дуд мекуна.

1212
Хамин адвакатхо бекоранд чи. брен як зиндагию кору бортонат бинет. Дар чойе, ки хакикат нест чиро мекобен.

Tojik
Hamin muboriza bo fasodro nomashro ivaz kardan lozim. Muboriza bo adolat

озодагончиё, чй шмора аблава кардан чй коменторо наменависен.

1
Ин Абдуфатох барои вазифаш шуда ба хама кор таёр аст!!!

Tojik
назорачй,
Ba fikri man az bolo fishor kardaistodaand ozodagonro. suhanhoi maro niz pahsh nakardand

кору бори унхо хаминхе проблемакови бар худшонай.

шармндамон каден неки озодагону равшан. яктата гол мезанан дигарит гапомона чоп намекунен. чи балоаи и. бо яки ссср барпо нашававу мо бехавар монем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)