Занҷонӣ дар бораи гумшавии миллиардҳо евро: "Ман танҳо нестам"

Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ иқрор кардааст, ки дар моҷарои “азхудкунӣ”-и беш аз 3 миллиард еврои кишвараш танҳо ӯ гунаҳгор намебошад.
Тибқи иттилои расонаҳои эронӣ, Амир Аббос Султонӣ, узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ гуфтааст, “Ин миллиардер иқрор кард, ки онҳо як гуруҳ ҳастанд ва ӯ танҳо як нафари зоҳирии ин моҷарост.” Султонӣ дар идома афзуда, ки мақомоти Эрон аз аввал бар ин бовар буданд, ки дар ин қазия танҳо Занҷонӣ даст надорад: “Ӯ наметавонист, ба танҳоӣ ин корро анҷом диҳад, бо ҳимоят ва пуштибонии гуруҳе ин корро анҷом додааст, ки мо аз аввал инро медонистем.”
Узви Кумитаи тафтишот ва таҳқиқи қарзҳои Занҷонӣ аз поёни баррасии парвандаи миллаирдер бо ҳамдастонаш хабар дода, изҳор доштааст, “баҳси хилофкориҳои Бобак Занҷонӣ ва тиме, ки ӯро ҳамроҳӣ ва ҳимоят мекарданд, дар нимаи аввали сол баста хоҳад шуд.” Ӯ аз ифшои ҷузъиёти иқрори миллиардери боздоштшудаи эронӣ худдорӣ намуда, далели хомӯшии мақомоти Эрон дар ин робитаро махфӣ будани парванда арзёбӣ кардааст.
Ин дар ҳолест, ки дар пайи муроҷиати Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодии Эрон ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар барои бозпас овардани сармояҳои Бобак Занҷонӣ, ин миллиардери эронӣ розӣ шуда буд, қарзҳои худро ба давлат баргардонад.
Тибқи иттилои Хабаргузории “Форс”, Ҳусейн Деҳдаштӣ, узви Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Кумитаи муштараки комиссияи энержии Эрон гуфта буд: “Агар Занҷонӣ қавли додаи худро иҷро кунад, мушкилаш ҳал хоҳад шуд, дар сурати ғайр бар асоси шикояти вазорати нафти Эрон ба суроғи амволаш хоҳанд рафт.”
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |