Парлумон созишномаҳо барои таҷдиди партовгоҳҳоро тасвиб кард
Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 9-уми апрел се созишномаи навро ба тасвиб расондааст, ки ба навсозии соҳаи манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода, аз ҷумла партовгоҳҳои он равона мешаванд.
Ҷамолиддин Нуралиев, ноиби вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии ин созишномаҳо дар назди вакилони халқ маблағи умумии онҳоро 4 миллиону 900 ҳазор доллар арзёбӣ намуд, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷудо мегарданд. Аз ин миқдор 2 миллион доллар грант ва ду миллиони дигар қарзҳои имтиёзноки дарозмуддат мебошанд.
Нуралиев дар шарҳи зарурати тасвиби ин созишномаҳо гуфт, феълан партовгоҳҳои шаҳри Турсунзода дар ҳолати хеле хароб қарор доранд: “Ин маблағҳо куллан дар ихтиёри мақомоти маҳаллии шаҳр гузошта шуда, ба навсозии партовгоҳҳо нигаронида мешаванд. Оиди натиҷаҳои кор ба Вазорати молия ҳисобот пешниҳод хоҳад шуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |