Бахшҳо

Иҷозаи Убайдуллоев барои консерти ройгони ситораҳо ва дастур ба амниятиҳо

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо судури як қарор ба ширкати “Ориёно Медиа” иҷозат додааст, шоми 10-уми апрел аз соати 18:00 то 20:00 дар майдони “800-солагии Маскав” консерти ситораҳои тоҷикро баргузор кунад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ қарори Убайдуллоев дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати 90-солагии пойтахт қабул шуда, мақомоти амнияти миллӣ ва пулис супориш гирифтаанд, ки амнияти ин чорабинро таъмин кунанд.

Рустами Ҷонӣ, мудири ширкати “Ориёно Медиа” дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин консерт дар якҷоягӣ бо ширкати “Samsung” баргузор шуда, иштирок дар он ройгон мебошад. Мудири “Ориёно Медиа” дар қатори ситораҳое, ки дар ин консерт баромад мекунанд, аз ҷумла Шабнами Сурайё, Баха-84, гуруҳи “Шамс”, Юлия Багданавичуте, гуруҳҳои рақсии “Падида”, “Эра” ва дигаронро ном бурд.

Рустами Ҷонӣ илова намуд, ки дар доираи ин консерт муаррифии телефонҳои нави “Samsung” сурат гирифта, барои тамошобинон озмуну туҳфаҳои ҷоллиб омода шудаанд.
Мӯҳр
Шамс
Ба ин консерт рафтан муталако харом аст

Баргузории консерт хуб аст, бад нест, аммо дар мавриди хамин Рустами Чони мехостам бигуям, ки у ба ки таклид мекарда бошад???? Барои Рустами Чони, точик будан ва ё бо лахни точики сухан гуфтану, шеър гуфтан ба кавли русхои за-подло аст??? Дар радиои "имруз" як бахш доранд бо номи "Бидуни тахрир". Дар ин бахш мисрахои шоирони классикро Рустами Чони бо лахни эрони мехонад. Барои чи??? Ва ё як зумра барандахошон низ аз худашон эрони метарошанд!!! ХУБ, "ИМРУЗИХОИ" МУХТАРАМ, БА ШУМО АЙБ АСТ БО ЛАХНИ ТОЗА ВА ШИРИНИ ТОЧИКИ СУХАН БИГУЕД?????

Даврон
рахмати калон! убайдуллев!

ОН
албатта, ки ичоза медихад
Ин ку ягон чорабинии дини нест ки манъ кунан

Офарин Рустами Чонй! Дер боз интизори чунин консерти асил будем. Ситора бояд ситора бошад, ба мисли Шабнам. Рустам эхтиёт шав, ки агар рузона косерт гузарони душманони ин ситорахо офтобро хомуш мекунанд. Дар вакти говгум гузарон. На шав бошаду на руз. Бори дигар муваффакият. Билети пулакии баъзе ситорахоро, аз кабили баъзе шабнамхо, фарзандони кароматулло, нигинаю нигорахо..., дар мактабу донишгоххо мачбур мефурушанд. Дар ин самт ба Убайдуллоев такя кун.

Бехруз
Аз ин карори Раиси шахр маълум мешавад, ки Вазортаи фарханг дар чамъит лозим нест. М. Пиров - муовини якуми вазири фарханг факат табл навохта гарданд

Вазорати фарханг Куву Мохй ва Харчангро мемонад. Бунафша ку барин ракоса, Пировро чун мохй бо дасти луч капида намешавад, Орунбеков бошад чун харчангест дар ин сарой. Ёбу гир, бо ин кадрхои асил. Се рохбар каретаро ба хар су мекашанд.

шахрванд.
хамин Рустами Чониро вазири фарханг кунанду монанд...

Инкилоб
Дунёро бин Киргизхо доран давлат мезозанд Точикхо бошад мераксанд месароянд

Ноточик
Ракседу чунбонед, байракхоро то авчи фалак баланд кунед. Мардуматон гуломи рус!

сар шуд, факат раксу бози, буху бугард!

Махина
салом Шабнамчон, ман барои ту аз Рашт фардо ба Душанбе меравам. дер боз шуморо дар сайт надида будам. ана сайти "Озодагон" нури дигар гирифт. Бо хамон маколахои эшон бо хизбхояш гаранг шуда будем

100
акаи инкилобчи. рохБарономун ки раксу бозира медустанд ай мо чи гила. тансор дикохои мо бисеран. кргзо дарди бахайр як руз мебини ки хиндувои ракос омада раксида кишвармуна мегиран.

Нушофарин
Аз ин консертои, ки не маниву не мантик дорад пура фонаграма аст ба Чавонон чи суде дошта бошад? Охир 75% фоизи мардуми шахр ичоранишин асту ба маоши 400 сомона зидаги дорад холи бад. Шумо дасти як бечораро бигиред як кори хайр кунед як бемори дардманда тавобат кунед. Охир бо хамин кашоки камбагали доим доира менавоеду ду тору раксу сурд айб аст. ОООО рохбархо гумон накунед, он (Креслои) Мансаб абадии аст кори хайре кунед то дар оянде нафаре шуморо бо неки ёд кунад на ба нафрат. И шабнаму Бахаи -84 офизам нестан офиз Одина Хошим буд Мукадасу Хурмову Караматулло инхо тавонистан офизои озира хамаш дискамананд ва як мисра шер аз Офиз намедонанд. Ин хоро , ки гуш мекарда бошад дилам барои Фархани точик месузад. ООО Вазири нави фарханга дар рузи МАТБуоти ТОчик дар наздаш Авзалшох бо фонаграма хонд вазири мухтарам бо дикат гуш кард дигар аз он сарояндахои хасаки чи гила озир хама офиз сурдхои онхоро касе гуш намекунад боз мисли худашон ягон дикамани дигар гуш мекунаду меракасад. Озодагон чоп кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)