Бахшҳо

ВИДЕО: 9 ҳазор “лайк”-и баромади муҳоҷири тоҷик дар Comedy Club

Навори баромади навбатии Иброҳим Бозоров, муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Панҷакент, ки азми тасхири саҳнаи Comedy Club дар Маскавро дорад, дар шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” қариб 9 ҳазор лайк гирифтааст. Бозоров, ки дар муҳоҷират, ҳамчун устои муҳарриксоз кор мекунад, мунтазам дар сабқатҳо барои роҳ ёфтан ба барномаи Comedy Club баромад мекунад, аммо то ҳол ба давраҳои ниҳоӣ роҳ наёфтааст.

Бисёре аз шарҳнависони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои Бозоровро мавриди интиқод қарор додаанд, ки муҳтавои паст дошта, муъҷиби коҳиши обрӯйи тоҷикон дар Русия мешаванд. Гуруҳи дигар аз азми Бозоров истиқбол намуда, таъкид мекунанд, ки ба ҳар сурат ӯ метавонад, ҳозирини толорро хандонад.

Худи Бозоров мегӯяд, нокомиҳо ӯро намешикананд ва ӯ аз ҳаҷвнигорӣ даст намекашад. Ба гуфтаи ӯ шояд ҳаҷвнигори маъруф нашавад, вале ҳаҷву тахайюлот ба ӯ кӯмак мекунанд, ки бисёри мушкилоти зиндагӣ дар муҳоҷиратро пушти сар созад.



Мӯҳр
Мухочир
Ба фикрам аъзои жюри ба у на хамчун ба хачвнигор,балки ба як марди аз акл берун,ки чй гуфтанашро намедонад,хандидаанд!
Хуб мешуд,ки пеш аз баромадаш маслихатгари хубе медошт!
Хуб мешуд агар барои бори дигар барои ба сахна баромадани точикон тавассути Сафоратхона як гурухе созмон дода шуда,аз озмун мегузарониданд,то кадру киммати бе ин хам рехтаи точикро пасттар намекарданд!
Барои шердилй ва часораташ ахсан,лекин каму беш этикаю эстетикаро риоя кардан лозим!Чихати дигар:на хамчун гулу гумроху бемагз,балки донишмандона бояд хандонд!

ПОЗОР. ЗАМИН НАКАФИД, КИ ДАРОИ. РАВШАНУ ЧАМШУД БАС НАБУД?

66
Это хорошо!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Сугди
Гурухи Хандинкамон бо хамон Сулаймони занмизочаш шармандаамон мекунад, бас нести, ки боз ин нафар сар баланд кардааст? Биёед хамин худшармандакуниро бас кунетон бародарон!

молодец.....бале..офарин...муваффакият орзумандам

Хусниддин
биёед камбудихои бачаро начуему тахкираш накунем, ба хар хол аз имтихон гузашт ку. пушти чорчубаи ком нишаста хар чи ба зехн пайдо шуд навиштан хунар нест

точик
Шарманда карди точикоя

Вой бар холат точик! гуфти Лоик ки:
"Пеши ду чахон шуди шармсору шарманда."
Рости ва руйи рост аз куча ба толор даъват мекунад ва санъати мардуми моро писханд мезанад. Сафари гузашта як "Джими"-ро аз куча дароварда
(дар барномаи пусть говорят) назарзанч ва хамчун олим эътироф намуда буд. Инхо душмани мову шумо хастанд. Хайфи точик. Хайфи Точикистон.
Мо пуштибон надорем пуштибонхои мо кайхо мурдааст,ва чанозаашро кайхо хондаем.

"Чун на саре на сарваре буд ин саройро
Ман бар чанозаи сари миллат гиристам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)