Қурби 1$ дар Душанбе аз ҳадди 5,02 сомонӣ гузаштааст
Қурби як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе аз ҳадди 5,02 сомонӣ гузаштааст.
Дар лавҳаҳои нуқтаҳои саррофӣ арзиши як доллар зимни харид 5,00 сомонӣ ва зимни фурӯш 5,02 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо ба гуфтаи харидорон дар бисёри нуқтаҳои мубодилаи асъор саррофон мегӯянд доллари фурӯшӣ надоранд ё ба ивази то 5,03 сомонӣ мефурӯшанд. Қурби рубли русӣ дар нуқтаҳои саррофӣ 0,139-0,141 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта аз коҳиши қурби доллари амрикоӣ нисбат ба пули миллӣ хабар дода, афзуд, ки дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ қурби доллари амрикоӣ ба ҳисоби миёна то 4,9780-4,9910 сомонӣ паст фаромад. Аз ҷумла ба иттилои ин ниҳод ҳафтаи гузашта қурби доллар дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Душанбе 4,9790-4,9980 сомонӣ, Хуҷанд 4,9800-4,9900 сомонӣ ва Қӯрғонтеппа 4,9800-4,9900 сомониро ташкил медод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |