Бахшҳо
08 апр 2014 16:08Тоҷикистон / Сиёсат

Вуруди гуруҳи донишҷӯён ба узвияти ҲХДТ ва насиҳатҳои Раҳмонов

Як гуруҳ устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба узвияти Ҳизби халқӣ- демократии кишвар шомил шуда, дар ҳузури ректори ин донишгоҳ – Абдуҷаббор Раҳмонов дафтарчаи ҳизбро соҳиб шудаанд.

Тавре Бахтиёри Абдураҳим, котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба “Озодагон” хабар дод, ин маросим рӯзи 7 апрел дар донишгоҳи мазкур баргузор шуда, Умринисо Казакова, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дафтарчаҳои ҳизбиро ба ин гуруҳи устодон ва донишҷӯён супоридааст.

Дар ин чорабинӣ Абдуҷаббор Раҳмонов суханронӣ карда, аз нақши ҲХДТ ва раҳбари он – Эмомалӣ Раҳмон дар рушду пешрафти кишвар ёдрас шудааст. Манбаъ мегӯяд, Раҳмонов таъкид кардааст, “бо дастуру ҳидоятҳои хирадмандона ва заҳматҳои ҳамешагии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар, ки роҳбарии ин ҳизбро бар дӯш дорад, Ватани азизи мо дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуда, ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ муаррифӣ гардид.

Дар идома Казакова дар мавриди фаъолияти ҲХДТ ҳарф зада, маълумотеро дар бораи ин ҳизб ба ҳозирин ироа кардааст. Казакова шомилшавии аҳли донишгоҳ, аз ҷумла ҷавононро ба узвияти ин ҳизб амали нек хондааст.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раҳбарии онро, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар бардӯш дорад, соли 1994 таъсис ёфтааст. Дар ҳоли ҳозир беш аз 200 ҳазор узв дорад. То кунун Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҲХДТ, дар се интихоботи гузаштаи президентӣ иштирок карда, пирӯз шудааст.
Мӯҳр
юрист
Конуни ЧТ " Дар бораи хизбхои сиёсии ЧТ", Моддаи 4.
Дар макомоти бехатарии давлати, корхои дохили, прокуратура, гумрук ва макомоти андоз, адлия, судхо ва Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, дигар кушунхо ва вохидхои харби,инчунин дар макомоти хокимияти давлати, мактабхои миёна ва оли таъсис додан ва фаъолият кардани ташкилоти хизбхои сиёси мумкин нест.

Хуб, дустони гироми, ки чуръат мекунад хизби хокимро барои конуншикани ба додгох кашад ва кадом додгох е прокурор даъво пешниход мекунад? ин танхо як холат нест, дар хама корхонахои давлати ва донишгоххо ин конуншикани вучуд дорад, хама хомуш. Давлати хукукбунёд ва демократи.

Абдучаббор Рахмонов барои реклама кардани худаш ба журналистон чанд доллар дода бошад? Хайр инаш сири махфй. О ту шарм намедорй ки ба чои ташвики илму дониш донишчуёнро побанди сиёсат мекунй. Чй фикр мекунй ки Президент бо ин "хизмати хирсонаат" туро мебахшад. Президенти Чумхурии сохибистиклоли Точикистон сиёсати хирадмандона дошта бо паст кардани сатхи камбизоатй, сарфи назар аз махалчигй, хешутаборбозй, гаправй ва дигар хислатхои нотакрори инсонй дар арсаи байналмилалй макому манзалати хоса касб намуда, давлати сохибистиклолу демократии Точикистонро дар арсаи олам муаррифй менамояд.

беном
бале ин ташабусхои ЭР аст ки зиёда аз 1.5млн шахрвандони мо дар русия бе хонаву дар дар азобу машакатанд

Коррупсия ва прокуратура кучоро нигох мекунанд. А. Рахмонов Конуни ЧТ "Дар бораи хизбхои сиёсй дар ЧТ"-ро поймол карда, донишчуёнро "... аз дарс монда, ба гуруху созмонхо ва равияхо таблиг намуда, аз онхо пул ситонда..." шаъну шарафи омузгорро паст карда, худнамой мекунад. Як муаллими бечораро боз дар ким кадом район барои ким кадом кори ношуданй чарима мебанданд. Зуратон расад, Абдучаббор Рахмоновро ба додгох кашед, бахри ичрои бечуну чарои конунхо ва демократия. Ин амал ба дигарон дарс мешавад.

бо боварии комил мегум инхо студентхо бо хохиши худ аъзо нашудаанд. Аз тачриба мегуям чун манхам яке аз аъзои ичбории ин хизб мебошам.

бо боварии комил мегум инхо студентхо бо хохиши худ аъзо нашудаанд. Аз тачриба мегуям чун манхам яке аз аъзои ичбории ин хизб мебошам.

бо боварии комил мегум инхо студентхо бо хохиши худ аъзо нашудаанд. Аз тачриба мегуям чун манхам яке аз аъзои ичбории ин хизб мебошам.

Ин кадом Рахмонов бошад? Хамоне, ки баъд вазир шуд-ми? Абдучаббор Рахмонов бошад, худаш аъзои кадом хизб аст? Уро бисёртар дар майдони Шахидон дида будам. Наворхои КГБ хаст. Одам бояд чанд билети партиявй ва руй дошта бошад?

Кадушох
Мискин харак орзуи дум кард,
Ноёфта дум, ду гуш дум кард.

мо да ягон вазифаи равгани метен ё не? мурдем ку аз хушомадзанира. Бо чи хели методро истифода бояд кард?

Рахмонуф Абдучаббор чанд пагон дошта бошад, солхои 90- ум мо доим медидем, ки шофёри Рахим Мусулмониён буд, баътар баъди пирузии Сангак байроки дигарро бардошт. Ачоиб, хамин турам мешудаст, да!

Вакте ин хабархоро мехонам намедонам дигар дар ин сиёсатхои дуруг бовар хам надорам комментария навиштанро хам намехохам. Дигар шикоятро танхо ба Аллоh мекунем чун Уст танхо одилу мехрубон. Саломат бошед!

Али
Аьзохои ХХДТ 350 хазор бошад 40 хазоришам ба хохиши худаш дохил нашудааст ини ХНИТ 45 ХАЗОР хамаш ба хохиши худаш дохил шудааст

Ее тавба ин ба таври ичбори аст!!! Итминони комил дорам, ки ба ин донишчуени бечора шарт гузоштагиянд; е аьзо мешавед е хорич!!!

Хамватанони азиз! То ба кай ба сиёхкуни ва гарази якдигар менависем? Хонум Казакова Умринисо дар Донишгохи давлатии омузгории Точикистон пеш аз хама хамчун вакили Мачлиси вакилони халки нохияи И. Сомони (навинтихобшуда - 24.02.2014с.) дар вохури бо интихобкунандагони хеш иштирок намудааст. У вазифадор аст, ки дар ин вохурихо ширкат варзида, аз ахволи донишчуёну кормандони ДДОТ бохабар шуда, проблемахои онхоро ба рохбарияти нохия расонад. Дуюм, аз шумораи онхое, ки ба сафи ХХДТ тозаинтихоб шудаанд, хамаги 6 нафар хатмкунандагони магистратура- олимони чавон ва устодони ояндаи ДДОТ буда, бокимонда устодону кормандони ДДОТ буданд. Баъдан, ташкилотхои ибтидоии ХХДТ дар ягон мактабхои олию миёна ва муассисахои дигари таълими чойгир набуда, асосан дар махаллаву шахракхои хамшафати онхо карор доранд. Мо хам конунхои амалкунандаи кишварро дар ин самт хуб дониста, онхоро риоя менамоем. Хамзамон, шахрвандони кишвар, алалхусус донишчуён ва устодони мактабхои оли хукуки комил доранд, ки аъзои ин ё он хизби сиёси ва ташкилотхои дигари чамъияти бошанд. Бо назардошти он, ки аксари донишчуёни мактабхои оли ва коллечхо баъди хатми он ба макони зисти доимии худ бармегарданд, таи се соли охир аз хисоби донишчуён кариб, ки аъзои ХХДТ кабул накарда, танхо хохишмандон метавонанд аъзогии Ташкилоти чамъиятии чавонон "Созандагони Ватан"-ро пазиранд. Яъне, онхое, ки дар назарсанчи ширкат варзида, иброз доранд, ки донишчуёнро мачбуран дар шахри Душанбе ба узвияти ХХДТ кабул мекунанд, дуруг ва тухмат мебошад. Дилхох донишчуе, ки агар уро мачбур сохта бошанд, мархамат мурочиат намояд, мо омода хастем, ки уро аз узвияти ХХДТ озод намоем. Кафолат медихем, ки нисбати чунин донишчуён ягон чораи гайриконуни андешида намешавад.Озодагон, агар озод бошед, хохишмандам чоп кунед. Боки, ба хамаи шумоён сихатию обрумандиро хохонам.

э акаи Кадушо. Фамилияашро бин Рахмонов. Барои хамин у вазифа грифтай албат. Сангакуф сари вазифа миёмад Сангакуф мешиду санг барин сахт. Як вакт мусулмон буду бо Мусулмонхо якчо. Пагох кабири Кабируф мешавад. Ана аку фахмидй чанд пагон доштаст.

Савол ба фабрикаи чавоб. Хуб гуфтед: "Мо хам конунхои амалкунандаи кишварро (чумхурй гуед) дар ин самт (!) хуб дониста, онхоро (ба фоидаи худ) риоя менамоем". Пас чаро дигарон, ки ба дигар хизбу созмонхо шомил шаванд, Шумо онхоро чашми дидан надоред?! Илтимос, бо А.Рахмонов мувофика намуда, барои мо бехизбиён чавоб гардонед. Илтимос.

кишвар
юрист,
бародар боркаАллоh
юрист,

Дар чавоби бемантикаш "ХХДТ аз Душанбе" "ташаббусхову чонфидоихо"-и Абдучаббор Рахмоновро пайи чамъ овардани чавонон дар узвияти ХХДТ инкор мекунад? Охир, Хамин Абдучаббор Рахмонов буд, ки солхои 90-ум моро ба узвияти Растохез даъват карда буд. Академики академияи илмхои Точикистон Абдучаббор Рахмонов мавизахои хуб медонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)