Мулоқоти роҳбарияти ҲНИТ бо "қаҳрамон"-и наворҳои нав дар интернет
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъйид кард, ки Ризоев Маҳмадраҷаб, воқеан узви ин ҳизб буда, вазифаи ноиби раиси дафтари ҲНИТ дар шаҳри Турсунзодаро ба уҳда дорад.
Ин нуқтаро дар суҳбат бо хабаргузории “Озодагон” Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ таъйид карда, изҳори боварӣ намуд, ки навори нашршуда дар интернет, ки гӯиё қаҳрамонаш Ризоев Маҳмадраҷаб аст, сохта мебошад. Файзраҳмонов наворҳои тозанашр дар Ютубро давоми мантиқии силсилафилмҳо алайҳи ҲНИТ хонда, таъкид намуд, ки бо мурури вақт сохтакорӣ будани ин наворҳо ифшо хоҳад шуд.
Намояндагони роҳбарияти ҲНИТ низ дар пайи нашри наворҳо бо Ризоев мулоқот кардаанд ва зимни мулоқот ин масъули ҳизб тамоми иттилоотро дар бораи ӯ дар интернет туҳмат хондаааст.
Сухнгӯи ҲНИТ инчунин таъсиси хадамоти махсуси амнияти дохилиро дар ҳизб қатъиян рад кард: “Нашри ин наворҳо дар остонаи интихоботи парлумонӣ ба коҳиши нуфузи ҲНИТ ва қишри руҳонӣ равона шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шабакаи Ютуб ду навори нави видеоӣ алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон нашр шудаанд, ки гӯиё аз ҷониби студияи “Нури наҳзат” ва хадамоти амнияти дохилии худи ҳизб таҳия гардидаанд.
Ин навор дар зовияе таҳия гардидааст, ки гӯиё худи ҲНИТ барои ифшои бадахлоқиҳои аъзоёнаш хадамоти махсуси амнияти дохилӣ созмон додааст. Дар ду наворе, ки аз номи хадамоти амнияти дохилии ҲНИТ паҳн шудааст, қаҳрамонҳо узви ҳизб муаррифӣ шудаанд.
Дар яке аз наворҳо Холов Иброҳим, имомхатиби масҷиди деҳаи Сомони ҷамоати Чимтеппа ва узви ҲНИТ муаррифӣ шудааст, ки гӯиё ба баҳонаи табобат бо як зан муносибати маҳрамона мекардааст. Дар навори дуюм қаҳрамон Ризоев Маҳмадраҷаб, ноиби раиси ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода муаррифӣ шуда, ҳамҷинсгароии ӯ намоиш дода шудааст. Ҳар дуи ин наворро баъди чанд лаҳзаи нашр Ютуб ба далели риоя нашудани талабот ва доштани муҳтавои бадахлоқона лағв кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |