Дар пайи муроҷиати Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодии Эрон ба Вазорати умури хориҷии ин кишвар барои бозпас овардани сармояҳои
Бобак Занҷонӣ, ин миллиардери эронӣ розӣ шудааст, қарзҳои худро ба давлат баргардонад.
Тибқи иттилои Хабаргузории “Форс”,
Ҳусейн Деҳдаштӣ, узви Маҷлиси Шӯрои исломӣ ва Кумитаи муштараки комиссияи энержии Эрон гуфта, ки Занҷонӣ қавл додааст, то охирҳои моҳи апрел қарзҳои худро ба давлат бармегардонад.
Ба гуфтаи ӯ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ инчунин расидеро низ барои пардохти қарзҳои худ аз Вазорати нафти пешниҳод кардааст: “
Агар Занҷонӣ қавли додаи худро иҷро кунад, мушкилаш ҳал хоҳад шуд, дар сурати ғайр бар асоси шикояти вазорати нафти Эрон ба суроғи амволаш хоҳанд рафт.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Юсуфиён Мулло, узви нозири Маҷлиси Эрон дар ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ гуфта буд, муфаттишони сафарбаршуда макони сармояҳои Занҷониро муайян кардаанд, вале қудрати ба танҳоӣ бозпас овардани онҳоро надоранд. Ӯ мегӯяд, “масири пулҳои Занҷонӣ мушаххас шудааст ва агар Вазорати умури хориҷии Эрон ба ин масъала дахл карда, ба мо ёрӣ расонад, метавонем, ин пулҳоро баргардонем.” Ӯ изҳор дошт, “Вазорати умури хориҷӣ бояд бидонад, ки дасти Ситоди мубориза бо фасоди иқтисодӣ дар хориҷ аз Эрон баста аст ва ин вазорат аст, ки бояд моро ёрӣ кунад.”
Муфаттишони додситонии шаҳри Теҳрон дар миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ барои ҷустуҷӯ ва ҳисобукитоби дороии Бобак Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон, аз ҷумла ба Тоҷикистон, Туркия ва Малайзия фиристода шуда буданд. Онҳо эълон доштанд, макони сармояҳои ин миллиардери боздоштшудаи эрониро мушаххас кардаанд.
Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, 30 декабри соли гузашта дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Мақомоти Эрон эълон карданд, ки Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси воқеӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро расман рад кард.
Номи Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ замоне дар Тоҷикистон маъруф ва сархати расонаҳои хабарии кишвар қарор гирифт, ки сармояҳои ӯ вориди Душанбе шуд. Дар Тоҷикистон ҳоло ду тарҳ, ширкати “Осиё Экспресс”, соҳиби нави автовокзали пойтахт ва бонки «Kont Investment Bank», ки қароргоҳаш дар Душанбе мебошад, ба Занҷонӣ марбут дониста мешаванд.
Мӯҳр