Фоменко гуфтушунид барои ҷалби Муҳаммадиев ба “Томи”-ро рад кард

Артем Фоменко, мудири кулли дастаи “Томи”-и Сибир гуфтушунид барои даъвати Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистонро рад кард.
Фоменко дар суҳбат бо хабаргузориҳои рус ин овозаҳоро бардурӯғ хонда, таъкид намудааст, бо Муҳсин Муҳаммадиев гуфтушунид барои даъват ба дастаи “Томи” набурда истодаанд: “Мо ягон хел гуфтушунид оиди тағйири мураббӣ набурда истодаем ва чунин ният ҳам надорем.”
Ин дар ҳолест, ки дастаи “Томи” феълан дар сабқати қаҳрамонии Русия дар зинаи 14-ум қарор дорад. Муҳсин Муҳаммадиев, собиқ ҳамлагари тими овозадори «Помир»-и Душанбе, тобистони соли 2013, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таъйин гардид.
Муҳсин Муҳаммадиев 21-уми октябри соли 1966 таваллуд шудааст. Устоди варзиш, дар дастаҳои «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа (солҳои 1984-1985); «Помир»-и Душанбе (1985-1992), «Локомотив»-и Маскав (1992-1993), «Анкарагучу»-и Туркия (1993-1994), «Спартак»-и Маскав (1994-1995), «Локомотив»-и Нижний Новгород (1996-1997), «Аустрия»-и Вена (1997-1998), «Торпедо»-и Маскав (1998) ва дигар тимҳо бозӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |