Северина Шаппаз Тоҷикистонро тарк мекунад
Амиршо Миралиев, муовини якуми раиси парлумони Тоҷикистон бо Северина Шаппаз, сардори намояндагии Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, ки давраи мудирияш ба анҷом расидааст, мулоқот анҷом додааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси Намояндагон хабар дода, афзуд, Амиршо Миралиев аз ҳамкориҳои Кумитаи байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтааст, ки парлумони кишвар барои фаъолияти беҳтари ин кумита фазои ҳуқуқиро фароҳам хоҳад овард.
Северина Шаппаз давоми 3 соли охир вазифаи сардори намояндагии КБСС дар Тоҷикистон дошта, ҳамакнун Андре Паке ҷойгузини ӯ хоҳад буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |