Қирғизистон: Боздошти ду корманди хадамоти махсус бо иттиҳоми куштори журналист
Ду корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон бо иттиҳоми даст доштан дар куштори журналист Геннадий Павлюк боздошт шудааст.
Прокуратураи генералии Қирғизистон гуфтааст, Т.А. ва Б.К. (номи пурраи онҳо ифшо нашудааст) дар боздоштгоҳи КДАМ нигоҳ дошта мешаванд. Қаблан, дар робита ба парвандаи куштори Павлюк чанд нафарро пушти панҷара кашида буданд. Ҳукми суди онҳо соли 2011 дар Қазоқистон (ҷои ҳодиса) эълон шуд. Он вақт додгоҳи маҳаллӣ собиқ корманди хадамоти махсуси Қирғизистон Алдаяр Исмонқуловро барои 17 сол, шаҳрвандони Қазоқистон -- Шалкар Оразалинро барои 11 ва Алмас Игеликовро барои 10 сол равонаи зиндон кард.
Тафтишот он замон Исмонқуловро аз ташаббускори ин ҷиноят эълон кард. Аммо ӯ гуноҳашро иқрор накарда гуфт, дар ҷараёни тафтишот ҳуқуқҳояш нақз шудаанд.
Геннадий Павлюк бунёдгузори нашрияи “Белый пароход” соли 2009 ҳангоми дар Алма-Ато буданаш кушта шуд. Ӯро аз тирезаи қабати шашум ба берун партофтанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |