Афсари пулис дар Душанбе ҳамкорашро паррондааст

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи маҷруҳ шудани як афсари пулисро дар Душанбе аз дасти нозири минтақавӣ баррасӣ карда, аввали моҳи равон дуввумиро барои хунукназарӣ ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо-10000 сомонӣ ҷарима ва аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян маҳрум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Хоҷазода Фирдавси Ҳафиз, ки бо фармони вазири умури дохилӣ аз тобистони соли 2012 ба ҳайси нозири минтақавӣ дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ кор мекардааст, баъди анҷоми басти корияш таппончаи хидматӣ бо 8 тирашро ба қисми навбатдорӣ насупорида бо худ бурдааст: “Рӯзи дигар бархилофи талаботи бехатарӣ, ин нозири минтавақӣ дар дохили автомашинааш, тамғаи «BMW» таппончаашро дар ҳолати омодагии ҷангӣ қарор дода, дар ғилофи таппонча мегузорад.”
Манбаъ афзуд, зимни ҳозир шудан ба утоқи корӣ нозири дигар лейтинанти милитсия Неъматов Муҳаммад таппончаи Хоҷазодаро дар ҳолати ҷангӣ дида, кӯшиши аз ӯ гирифтани таппончаро мекунад: “Дар ин лаҳза Хоҷазода хунукназарона рафтор карда, куланги тапончаро зер мекунад. Дар натиҷа ба узвҳои ҳаётан муҳими Неъматов ҷигар, талхадон ва меъда зарари вазнини ҷисмонӣ расонда мешавад.”
Манбаъ афзуд, бо кӯмаки духтурон ҳаёти Неъматов наҷот дода шуда, Хоҷазода ба ҷазо маҳкум шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |