Барқи аз меъёр зиёд дар Суғд ва ваъдаи “Барқи тоҷик” барои лағви лимит
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, интиқоли барқро ба мардум то 13 соат дар як шабонарӯз зиёд карда, масъалаи лағви пурраи маҳдудият баъди 10-уми апрел мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Дар ин бора ба “Озодагон” Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи “Барқи тоҷик” имрӯз, 7-уми апрел, хабар дода, афзуд, ки лағви пурраи лимит, вобаста ба вазъи бодуҳаво сурат мегирад: “Лағви лимит аз ҳаҷми об дар дарёи Вахш вобаста аст. Ҳозир мо ҳамин қадар имконият дорем, ки интиқоли барқро ба мардум зиёд кардаем. Субҳ аз соати 5 то 11 ва бегоҳ аз соати 17 то 24:00 барқ дода мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки аксари сокинони навоҳии тобеи марказ ба “Озодагон” тамос гирифта, хабар доданд, ки ҳамоно ҳашт соат ва дар баъзе мавридҳо аз ин ҳам камтар барқ мегиранд. Ёдгорӣ дар шарҳи ин шикоятҳо гуфт, баъзан он ба корҳои профилактикӣ дар шабакаҳо рабт дорад.
Дар ҳамин ҳол мониторинги Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон, ки ҳамарӯза ҳаҷми интиқоли барқро дар навоҳӣ пайгирӣ мекунад, нишон медиҳад, ки меъёрҳои нави ҷорикардаи “Барқи тоҷик” дар навоҳӣ риоя намешаванд. Ба иттилои манбаъ танҳо дар вилояти Суғд рӯзҳои охир мардум аз меъёр зиёд аз барқ мегиранд. Барои мисол рӯзи 5-уми апрел сокинони навоҳии Суғд аз 17 то 22 соат барқ гирифтаанд.
Таъмини аз меъёр зиёди барқ дар Суғд дар ҳоле сурат гирифта истодааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи гузашта бо сафари корӣ дар ин вилоят қарор дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |