Бахшҳо

Соҳибкорзан: Агар Ҷаноби Олӣ фаҳмад, ҷилави хусурбачаашро мегирад (2 ВИДЕО)

Орифӣ Қосимов, намояндаи Холназар Достиев ва Муҳибулло Саъдуллоев, ки даъвои 50 дарсади саҳмияҳои бозори “Ином”-и Шаҳритусро доранд, гуфтаҳои соҳибкорзан Санавбар Абдуллоеваро, ки гӯиё хусурбачаи президент талош дорад, бозорашро аз дасташ гирад, беасос хонд.

Қосимов имрӯз, 5-уми апрел ба дафтари “Озодагон” дар Душанбе ҳозир шуда, изҳор дошт, ки баҳс на барои кулли бозор, балки нисфи саҳмияҳои он рафта истодааст. Ӯ изҳор дошт, ки шавҳари Санавбар-Бурҳон Абдуллоев, ки феълан бозори “Ином”-ро дар ихтиёр дорад, қаблан дар хатсайри Душанбе-Шаҳритус ба мусофиркашонӣ машғул буда, дар миён бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раисиҷумҳур шинос мешавад: “Саъдуллоев барои харидорӣ ва бунёди бозор ба Бурҳон Абдуллоев маблағ медод ва Холназар Достиев, шахси бовариноки Саъдуллоев низ дар ин кор иштирок мекард. Баробари ин Абдуллоев зимни бунёди бозор аз соҳибкорони дигар низ маблағ гирифта, барояшон ҳатто дар бозор ҷой надодааст.”

Қосимов афзуд, ки дар додгоҳ инчунин аз ҳаққи соҳибкорони дигари “фиребхӯрда” низ ҳимоя мекунад, ки барои бунёди бозор баъзеяшон то 40 ҳазор доллари амрикоӣ додаанд, вале Бурҳон Абдуллоев ҳаққи онҳоро надодааст: “Худи Муҳибулло Саъдуллоев дар додгоҳ ба сифати шоҳид баромад кард. Даъвогар Холназар Достиев аст.”

Қосимов илова намуд, ки зимни яке аз мурофиаҳо бо Абдуллоевҳо ба созиш омаданд, ки ба ивази 900 ҳазор доллари амрикоӣ бозорро мегиранд: “Аммо мо вақте хостем, ҳаҷми хароҷот пешниҳод гардад, онҳо қарзҳои барои хонаю чорводорӣ гирифтаашонро пешниҳод карданд. Дар миён соҳибкорони дигаре пайдо шуданд, ки даъвои саҳмия дар бозорро карданд, чун барои бунёди он маблағ додаанд. Баъд мо аз раъямон барои пардохти маблағ гаштем.” Ин мусоҳиби мо илова намуд, ки комиссияи давлатии даъваткардаашон арзиши бозорро 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ муайян кардааст. Ин намоянда инчунин аз ишораи Санавбар Абдуллоева ба миллияти шавҳараш, ки узбак асту гӯиё мавриди фишор қарор дорад, интиқод намуда, гуфт, алайҳи Бурҳон Абдуллоев тоҷирони узбактабори Шаҳритус ба мақомот муроҷиат карда, ҳаққашонро талаб доранд.



Қосимов иддаои Абдуллоеваро, ки гӯиё Саъдуллоев бо сӯиистифода аз наздикияш ба оилаи раисиҷумҳур мехоҳад, бозорашро гирад беасос хонд: “Назди қонун ҳама баробаранд ва Саъдуллоев низ тариқи қонунӣ ҳаққашро талаб карда истодааст.Баррасии ин қазия дар додгоҳҳо идома дорад.”

Дар ҳамин ҳол Санавбар Абдуллоева дар суҳбат бо “Озодагон” иддаои Қосимовро, ки гӯиё шавҳараш-Бурҳон Абдуллоев зимни сохтмони бозор аз Саъдуллоев маблағ гирифтааст, рад карда, таъкид намуд, “мо дар мурофиаи додгоҳӣ исбот кардем, ки ягон маблағ аз ин одам нагирифтаем.” Ин соҳибкорзан гуфт, тамоми далоилро ба додгоҳ пешниҳод кардааст ва илова кард, ба матбуот ба он хотир муроҷиат кардааст, ки "Ҷаноби Олӣ аз қазия огоҳ шавад. Ман бовар дорам, худи раисиҷумҳур агар огоҳ шавад, ҷилави хусурбачаашро мегирад ва намегузорад, ноадолатӣ содир шавад." Ӯ рӯзи 3-юми апрел дар шарҳи қазия ба "Озодагон" гуфта буд:



Феълан баҳси додгоҳӣ барои бозори “Ином”-и Шаҳритус идома дорад.
Мӯҳр
Точик
Ман гумон намекунам Косимов рост гуяд

Мусалмон
Аку методикаи Зайд кати кор кардестан хакдоро пайдо шидестан хамаш дург аст бовар кунед дуруг ин зан хак аст

Ин мардака номаш дуругросткун. Дига хеч!

хонанда аз Душанбе
Ачиб ку рафикони Озодагон, як руз як гапаша мегед, як руз баръакс чаро рафта тадкикоти журналисти намебареду баъд хакро пешниходи омма созед. Сатхи ва руяки пешниход кардани мавзуъ журналистика нест. баъдан ин навор дар бинои озодагон сабт шудаги ё дигар чо? Ба хавлии хафтаномаи "нигох" мондокборин..

agar ija xusurba4ay prizdent kamtar hak mebud i odama kayho da turmabud

сохибкор
Авлоди Чаноби Олира ту борин одамон шарманда мекунан!магар хамин зан нохак бошад журналистода мурочиат мекунад?!

Магар гапи ту рост бошад барои чи ин оиларо тамоми макомотхо зиёда аз 2 сол тафтиш мебаран дар асоси бар дуруги аризахои тухмати ту... Тамоми Шахритуз медонанд ки чихел ба тухмат одамонро даъват мекуни. Ту ва Нусрат (садкаи кориги куна ин одама) оилаи Саъдуллоевхоро шарманда кадаги хардуи ту

Виркан
Багайр Хасан ва Хусейн боз Мухибуллояш хам будаст-а? Вой бар холи мардум.

Шартузи
И мардака ай гап занихош малумайки дуруг мега.. Чхе Саьдуллоев ба онхо бе ягон хучати тасдик кунанда пул медодай?

Ба ин сохибкор зан гуфтаниям, ки ин шахс"хусурбачаи президент" агар хучати хатти яъне сахмия надошта бошанд, фиристедаш!!!!! !

вой бархоли хукуматдорони гуруснаи МО !!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Шартузи
И Косимча карори осиебеки ООН сохтагира фурухта гурехта буд аз нохияи мо!!!

Чоми
Сухани Кабириро ба ёд биёред. "Агар амр аз боло бошад..."

эй бародар аз Худо битарс, дуруг нагу.

Салим
То ҷое ки ман медонам Муҳибуллоҳ одами хоксор ва оддӣ аст. Кушиш мекунад ки аз дасташ ҳарчи ки ояд барои дигарон кумак мекунад.

Ajibash in ki Qosimov meguyad shavhari in zan yak ronanda bud...Bayni Shahritus va Qurghonteppa odam mekashid.....Subhonolloh.....Shofer od nest magar ,?Yo uzbek budani shavhari in zan ba kori u chi ziddi dorad ?Yak vaqtho Janobi Oli ham raisi sovkhoz bud...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)