Тағйироти кадрӣ: Вазири нави энергетикаву фарҳанг ва кишоварзӣ
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дар пайи тағйироти кадрии худ дар аъзои ҳукуматаш Сариев Гелдиро вазири энергетикаи ин кишвар таъйин кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури Туркманистон, рӯзи 4 апрел Бердимуҳаммадов бо судури фармоне, як ҷатор вазирон, аз ҷумла Гунча Маммедоваро низ аз симати вазирии фарҳанги кишвараш сабукдӯш кардааст. Бо дастури дигари Бердимуҳаммадов Бягул Нурмирадова, муовини сарвазири Туркманистон оид ба масъалаҳои фарҳангию ВАО барканор ва ба ҷои ӯ Майса Язмухаммедова таъйин шудааст.
Инчунин Ботир Эрешов вазири сохтмон ва меъморӣ, Назармаммет Қодиров раиси ширкати давлатии “Туркменхимия”, Чарлиев Чарыгелдӣ, вазири кишоварзӣ, Амандурдӣ Ишанов, раиси Биржаи давлатии ашёи хоми Туркманистон интихоб шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |