Истифодаи хатсайри Душанбе-Бишкек барои парвози минбаъда ба Русия аз ҷониби муҳоҷирони тоҷик майли афзоиш дорад, чун нархи парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Маскав гарон аст.
Нархи чиптаи хатсайри Бишкек-Душанбе-165 доллари амрикоӣ ва аз Бишкек ба Маскав ҳудуди 160-200 доллари амрикоӣ, дар маҷмуъ аз Душанбе то Маскав камтар аз 400 доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки арзиши чиптаи мустақим аз Душанб ба Маскав беш аз 600 доллари амрикоиро ташкил медиҳанд.
Муҳоҷирони кории тоҷик ҳисоб кардаанд, ки зимни сафари Маскав тариқи Бишкек ҳудуди 200 доллари амрикоиро сарфа мекунанд. Майли муҳоҷирони тоҷик ба ин хатсайр дар ҳолест, ки баъзан онҳо бо монеаҳо аз ҷониби мақомоти интизомии фурудгоҳи Бишкек ва интизориҳои тӯлонӣ, ки гоҳҳо то чанд рӯз идома мекунанд, дучор мегарданд.