Бахшҳо
04 апр 2014 16:25Тоҷикистон / Сиёсат

Кабирӣ дар бораи “сиёҳкунӣ”, сабр, гирдиҳамоӣ, пул ва парчамсозӣ

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми апрел, зимни мулоқот бо ҷавонони тоҷик аз нашри матлабҳои сиёҳкунанда бо имзои мустаор ва бад нишон додани як қисми ҷомеа барои дигар изҳори нигаронӣ кард.

Кабирӣ зимни ин мулоқот, ки дар дафтари ҲНИТ дар Душанбе идома дорад, ин равандро нодуруст хонда, пайомади чунин таблиғотро манфӣ арзёбӣ кард: “Ман аз ҷавонон даъват мекунам, ки додаи ин гуна иғво нашаванд.”

Кабирӣ сахттарин ҷавоб ба навору матлабҳои омодакарда алайҳи ҲНИТ-ро сабр ва таҳаммул хонд: “Баъзан сабр ва таҳаммул сахттарин ҷавоб аст. Ба тундӣ нагӯед. Шумо бояд бо ин исбот кунед, ки Шумо ватандуст ҳастед, на оне, ки байрақи баландтарро мебардорад. Ватандӯсти аслӣ ин муҳоҷир аст...”

Кабирӣ аз афроди алайҳи ҲНИТ даъват кард, ки дар матбуоту шабакаҳо ғайбат накунанду биёянд бо онҳо суҳбат кунанд: “Мо омода ҳастем, ки бо уламо, ҳуқуқшиносону дигар коршиносон нишасти илмию фикрӣ баргузор кунем.”

Кабирӣ аз маҳфилҳои адабӣ дар ҲНИТ зикр кард, ки бо иштироки равшанфикрон баргузор шуданд. Ӯ таъкид намуд, ки бархе аз иштирокдорони ин маҳфилҳо омада, аз ҲНИТ маълумотнома хостаанд, ки онҳо узви ин ҳизб нестанд, чун онҳоро “Шумо наҳзатӣ шуда” мавриди пурсупос қарор медодаанд.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, ба далели даъватҳояш ба сабр баъзан мавриди интиқод қарор мегирад, ки “сабр то ба кай? Ман гуфта будам, ки сабр силоҳи мост. Барои самаранокии ин мавқеъқирӣ мо назарсанҷӣ гузарондем ва аз фаъолони ҲНИТ пурсидем, ки чанд нафар аз сиёсати сабру таҳаммули раҳбари ҳизб дастгирӣ мекунанд? Барои ман тааҷҷубовар ин буд, ки зимни пурсиш 26 дарсад тарафдори гиридиҳамоӣ, 32 дарсад тарафдори сабр ва 3 дарсад гуфтаанд, ҳизбро маҳкам кунему пинҳонӣ кор барем. Шумораи ин нафарҳо рӯз то рӯз бештар мешавад, ки ин хатарнок аст. Ҳеч кас бояд дар Тоҷикистон дигар орзуи фаъолияти пинҳониро накунад ва ҳама чӣ бояд ошкору шаффоф бошад.”

Кабирӣ инчунин гуфт, мухолифи зикри ҳизбияти ҷинояткорон аст ва таъкид кард, ки мақомот фазоеро ба вуҷуд овардаанд, ки бархе аз расонаҳо аллакай узви ҳизби ҳоким будани ҷинояткоронро зикр мекунанд.

Дар мавриди иқтисодиёт раиси ҲНИТ аз раванди рӯзафзуни мусодираи моли қаблан хусусишуда зикр карда, илова намуд, ки боиси гурези сармоягузорон хоҳад шуд: “Агар ин сиёсати иқтисодӣ идома ёбад, умеди мардум коста мешавад, сармоя ба хориҷ меравад. Ҳоло ба ғайр аз чиниҳо дигар сармоягузорон ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ надоранд. Танҳо чиниҳо ҷуръат мекунанд, ки он шояд ба хотири он аст, ки раисиҷумҳур бевосита дар ифтитоҳи корхонаҳо ширкат мекунад.”

Кабирӣ афзуд, вақте вазирон маоши кам мегиранду соҳиби ҳама чиз мешавад, мардум бардоште ҳосил мекунад, ки ҳамаи дороҳо аз роҳи дуздӣ бой шудаанд: "Ҳастанд сармоядороне, ки бидуни вазифаи сиёсӣ ва давлатӣ пул доштанд. Ман ҳам тамоми сармояи худро аз биржа гузарондаам. Ҳамроҳи дӯсту бародари худ Зайд Саидов, ки ҳоло дар зиндон аст, дар Маскав кор мекардем. Манзури ман ин аст, ки набояд, молеро, ки бо меҳнати ҳалол ба даст овардаем, гӯянд дуздӣ аст.”

Дар мавриди мусодираи бозори хонаводагияш дар Турсунзода ва дигар моликият Кабирӣ афзуд, ки агар қарор аз боло қабул шуда бошад, ягон баромаду даъвояшон дар додгоҳ фоида надорад.
Мӯҳр
Имруз ХНИТ аз демократи будани худ нишон дода истодааст. Ман ба хама мардуми точик мегуям ки ХНИТ ин хизби исломгароёни фанату чохил нест. Дар ХНИТ имруз шахсони бомаърифату дуняви ва мусулмонони тарафгири мазхаби поки имоми аъзам хастанд ки барои гул гулшукуфии Точикистони озод мубориза мебаранд

Яъкуб.
Кабири донишманди бехтарин нест,аммо дар Точикистон аз У бехтар хам касе нест!

ман бовар дорам дарояндаи наздик аъзоёни хизби халкии демократи ба хизби нахзати исломии точикистон аъзо мешаванд мардум бояд мо аз хизби нахзати исломи дифоъ кунем зеро дунё ба хама маълум аст ки ба ахир расида истодаат мо бояд дигар шавем Кабири агар ба сари хокимият биояд хатман зиндагии мо дигар мешавад! Зеро вай хатову гумрохихои хукумати кунуниро медонад ва Кабири кодир аст ки ришваву махалгароиро аз байн барад!

Руслан,
Албатта дар ХНИТ имруз шахсони бомаърифату дуняви хастанд, лекин ин шахсон то ба кай дар он чо мемонанд? мардум аз ин харрос доранд агар ин хизб хокимият ба даст оварад ва дар оянда шахсони фанату ва исломгаро мисли баъзе кишвархои исломи биёянд ахвол чи хел мешавад.

БАНДА
ХУДО НИГАХБОНАТ БОШАД УСТОД КАБИРИ.
ИНШОАЛЛОХ ПИРУЗ МЕШАВЕД.

Чурачон
Даъват ба ХНИТ!!! Мардум натарсед биёед аъзо шавед ва чомеаи Худамонро пок кунем!!!!!!!!!!!!!

Офврин Кабири ман дар хайратм, ки чунин чуръат карда хама гапхоро мегуи боз хам офарин!!!!!!!!!!!!!!!!

Яъкубу!!!!!!!
Бале дустам Яъкуб!!! Аз Кабирихам босаводон бисёранд аммо милси вай Бочуръатон кам аст. Масалан Бозор Собир шоири бомахорат аст, аммо лаганбардори дарбор шуда кор дорад!!!! Кабири ту бояд мардуми рохгумзадаро рохбалади куни (Чун,ки инхоро мачбуран аз рох баровардаанд) Худованд нигахбонат бошадустод Кабири!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

jomi
kabiri in hamoishro baroi nigahdoshtani molikiyati khud barguzor kaday na ba manfiati hizbi nahzat mardum az sarvati kabiri difo kuned ))))

Рости харборе суханронии ин мардро мебинам мефахрам ки Точикам аз баромади Кабири Боз умеде аз ояандаи Ватану Миллат дар дилам чо мешавад.месад ин абармардро сарвар ва устоди асилу аслии мардум гуем аз ин пас мешавад. Кабири ахсан груз то руз исбот дори ки хадаф хадафи пока ва созандагист. Барои Миллате ки тахкиру маломатат мекнанд чонбозихо дори то Миллат ба асл баргардад ки будани Точку форс бданашро донад. Ахсан Ахсан.

Эй мардуми мазлуми мусалмони Точикистон ба умеди мусалмонии нахзатихо нашавед онхо аз коммунистони давраи шурави ки якатози мекарданд бадтар хастанд. Нахзатихо мардуми мазлуми мусалмони Точикистон ро бо гурухо чудо кардаанд ва исломи азизро хор кардаанд! . Кабири ба номи нахзат хазорхо доллар мегирад лекин барои мардуми мазлуми мусалмони Точикистон ягон мактаб намесозад. Худованд доно аст ва мебинад ки ин нахзатихо мардуми мазлуми мусалмони Точикистонро чи гуна фиреб медиханд.

Ягон вакт фанатхое, ки баьзехо фикр мекунанд ба сари кудрат омада наметавонанд! Аьзохои ин хизб хама шахсиятхои донишманд ва аз сиесат бохабаранд!!! Ба эшон муваффакият таманно дорам!

USA
Бисер сабр дорад Кабири??????? Бечора намедонад чи хел неш занад ва чун шери хашмин даронад онхоеро ки дар раъси кудратанд, вале медонад ки хеч кас ба додаш намерасад! Хамон тарафдррони андакаш хам фахмиданд ки ин мардак як точир АСТ то як сарсупурдаи сиесатмадор! Мегуяд сабр кунед вале ишорахош ба мухочирону неши забон ба сар вари давлат аз контрол на кардани кахраш бармеояд! Ин мусохибааш на сабру на даъват ба сабр балки як чанги пардапушонаи лафзи бо Рахмон АСТ! Чавонон дар фикри Кабири нестанд ва парво хам надоранд, бехтараш дар фикри сармояхоят шав чаноби Кабири!

Рустам
Кабири бо чавонон сухбат дорад, мегуеду ягон сурати чавонро нишон тид, охир. Нахзатихо хич вакт ба сари хукумат омада наметавонанд. Дидем, ки дар Миср исломгарохо кудратро гирифтанду хукуматдори карда натавонистанд. Холо бинед, онхоро чи гуна паси панчара мебаранд. Миллатгарохои Украинаро бинед, хукуматро гирифтанд, вале ин хукуматашон корношоям мешавад. Окибати радикалхои укроин хам мисли такдири ихвонихои Миср меша. Аз чавонони точик хохиш мекунам, ки фирефтаи нахзатихо нашавед. Номи худро сиёх накунед. Хамин хукуматро чонибдорй када Ватанамонро биёед обод кунем.

Ба гуфти тарафдорони Кабири агар у пешвои миллат шавад рогунро дар як сол месозад.мухочиронро дар ватан бо кор таъмин мекунад маошро баланд мебардорад заводу корхонахои нави замонави месозад хуллас Точикистонро дар чахон чун давлати пешрафта муарифи мекунад... Мухтарам Кабири имруз хамон байракбардоре ки шумо дар назар доред дар фикри ободии кишвар аст у пеши рохи чанги бародаркуши шумо ва хочахоятон сар кардаро гирифт у фазои ватанро озоду ором кард сиёсати пешгирифтаи уст ки имруз точикистони азизро дар арсаи чахони мешиносанд ба фикрам аз хар як ободию навсозихои кишвар аз хочахо даъвои пулхои додаашонро мешунавед.

Jomi, USA, Мухочир шумоён гумрохед. Сиёсатро намефахмед, чахонбинии танг доред. Шумоён хукуки касеро бе сабаб ганда гуфтан надоред.

Кабири аз ман ту карзорай ки мактаб бипушад? Мактаба хукумат мепушад.

камин
мо бояд шахси арзандаро интихоб намоем фаркнадорад нахзати ё демокоат факат даринтихоби номзад хатонакунем ва пшаймон бошем мисли хозира

мо бояд шахси арзандаро интихоб намоем фаркнадорад нахзати ё демокоат факат даринтихоби номзад хатонакунем ва пшаймон бошем мисли хозира

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)