Бахшҳо

Изҳори эҳтироми Абдулқодирзода ба исмоилиён ва ҳушдор ба салафиҳо

Сайидмукаррами Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки дар мавъизаи гузаштааш аз эътиқоди баъзеҳо ба вуҷуди Имоми замон интиқод кард, имрӯз, 4-уми апрел зимни адои намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе гуфт, ӯ Имоми замони пайравони Исмоилияро дар назар надошт.

Абдулқодирзода изҳор дошт, ки ба пайравони мазҳаби Исмоилия эҳтироми зиёдеро қоил аст, “чун мо солиёни дароз бо исмоилиён дар як кишвар дар сулҳу оромӣ якҷоя зиндагӣ дорем.” Раиси Шурои уламои Тоҷикистон илова кард, Имоми замонеро дар назар дошт, ки ба бовари баъзе гуруҳҳо 1300-1400 сол пеш дар кӯҳ вориди ғор шуда, ҳанӯз ҳам зинда ва интизор берун рафтан аз ғор аст: “Нафаре назди ман даромаду шикоят кард, ки ба ӯ гуфтаанд, агар ба Имоми замони ҳазору 400 сол пеш, дар ғор даромадаасту то ҳол набаромадаасту касе ҳам ӯро надидааст, имон надошта бошӣ, кофир ҳастӣ, ман инро дар назар доштам.

Дар идома Абдулқодирзода бе зикри ном аз бархе торнамоҳои кишвар интиқод намуд, ки ба гуфтаи ӯ бо маблағи хоҷагони хориҷияшон кор мекунанд ва тоқати дидани пешравиҳо дар Тоҷикистонро надоранд: “Чун пешравии ҳаррӯзаи миллату давлатро мебинанд, чашмонашон сих мезананд.”

Дар баробари ин раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ зимни адои намози ҷумъа аз пайравони салафия ва шиаи "Исноъашарӣ" интиқод намуда, гуфт, куҷое пайравони ин ду гуруҳ аст, он ҷо нооромӣ аст. Сайидмукаррам Абдулқодирзода ҳушдор дод, ки вақтҳои охир дар Масҷиди марказии Душанбе ба онҳо хабарҳо расида истодаанд, ки бархе намозгузорон пояшонро паҳн мемонанд ва ба намозгузории дигарон халал мерасонанд.

Ҳоло чанд нафаре дар инҷо ҳастанд, аз салафиҳо мебинед, ки дар саф халал меоранд. Дар намоз ҳаст, то охири намоз пояшро мебараду меорад. Халал мерасонанд, ба намозгузорон. То охири намоз фикру ҳушаш ба ҳамон ду пояш ҳаст, бечора... Чанборҳо шикоят кардаанд, "ҳазрати муфтӣ! Ҷавоне дар намоз пояшро мебараду болои поям мемонад, поямро мегирам, боз оварда мемонад. То охири намоз фикрамро парешон кард, ки намедонам, чӣ гуфтам." Масъалаи пойро дар намоз паҳн мондану наздик мондан, инро фуқаҳо ҳал кардаанд. Бар асоси мазҳаби Ҳанафия пой баробари китф бояд монда шавад. Муҳим саф рост бошад, ки ин афзал аст.”- илова намуд, ӯ.

Абдулқодирзода хост, ин афрод ба амалашон хотима бахшанд ва бо ёдоварӣ аз расман мамнуъ шудани ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон афзуд, “коре накунед, то ба мақомоти дахлдор ва ҳифзи ҳуқуқ арзу шикоятҳо кунанд, ки омада инҷо чандин нафарро ба маҳкама кашанд. Ӯ сабаби ба такрор дахл карданаш ба масоили шиаҳои “Исноашарӣ” ва ҳаракатҳои мамнуулфаъолият ба мисли Салафияро шарҳ дода, гуфт, “бо ду чашми сарам дидаам, ки ингуна ихтилофоти динӣ чи гуна мардумро ба хуну обу оташ кашидаанд. Садҳо ҳазор нафар сарсону овора шуданд. Бас нест, якбор?! Боз ҳамин ҳаракатҳову низоъҳои динию мазҳабӣ?!”

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар идома таъкид кард, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ надораду пайрави мазҳаби Имоми Аъзам мебошад: “Аз аввали рӯзҳои кориам таъкид мекунаму ҳанӯз ҳам дорам, ки ба ҳеч гуруҳ вобастагӣ нестаму динам дини Ислом ва мазҳабам мазҳаби Ҳанафия аст, ки гузаштагони ману Шумо аз ҳамин мазҳаб пайравӣ доштанд.
Мӯҳр
Bechora Kambaghal
Agarki vakti tahorat mustahab nakunan, hatman ba korandoni hifzi hukuk murojiat kuned, va dar toraxonaho hatman kameraho vosil kuned " toraxonahoi bexatar"

исмоили
Барои мардуми мо равшану возех(конкретный)фахмондан даркор...дар акси хол мо гапро ба дигар су мебарем...кори мо факат чангандози...

муфти
рафта рафта акида хам ба марзу буми маъмурии ссср вобастаги пайдо кард

xxxxxaxaxaxaxaxaaaaaaaaaaaaaaaaaaaaxxxxxxxxxxaaaaaaaaaaaaa digar kor nadori bajoi amrimaruf har juma marduma ay sudu prakror metarsoni hhhhhhhhaaaaaaaa

просто
Неки дар масчиди мохам хамин тема буд. Корвонда меган дарав милесада занг занед баран салафиёра. Нафахмидам муллои мо устоди муфти бошад?

Taj
Ханафи бугрез, ки салафи омад

Гурехти

abduLLOH
salomalekum. yo OLLOH hamin banda dar ruzy qiyomat chi hel ba po mehesta bosha , va hamrohi ki mehesta boshad bo in du ruya bozish, hub meshud ki raisi shuroi ulamo ne balki rektory donishkadai san,at shuda kor mekarded. OLLOH hydoyatut kunad.

Хайрон
Ман хайрони баъзе шахсхоям о дигар уламо наёфтед,ки пеши муфти меравед.

said
Мукарам рости камера ки пешвои дори надидм ки хатто якта дарафдор дошта боши ки дар баромадод ахсан бган. Хама медонан ки Эшонро кариб сут мекарди Барри кадом як гапи мазхабиш лекин шармандаи ду дуне шуди.

Ээээээ ин гапи Мукаррам дар матбуот поен намеебад чи?!

ислом.70mail.ru
Бози накун ба Арбоб, Иншооллох ин салафихои риекорро вактошон расида истодааст Хукумат кайчихои молтароширо тез карда ин бадбахтхои игвогарро дар як руз хисобашонро меебад.

Agar sayti Turajon...ro tanqid kunad in ikhtiyori u lekin bin ki chi qadar odamon az on istifoda mebarand....Inhoro az masnid mahrum jardi boz az sayt ham mahrum mekynu ?

احمد
سلام بر خوانندگان تارنامه آزدگان
خدمت همه شما تقدیر و تشکر دارم که متن من را می خوانید
واقعا من از سخنان حضرت مفتی مکرم خیلی به تعجب آمدم. زیرا نمی دانستم که گریه کنم یا بخندم. گریه ام از آن جا است که این مفتی صاحب، نمی دانم به برق نداشتن مردم تاجیک پیشرفت گفته می باشد یا به سرمازده های مردم در زمستان گذشته. گرفته از سرمای زمین ها، نداشتن آبها، و ... دیگر دردسرهایی که دولت جمهوری تاجیکستان به سر مردم آورد. اگر این ها را پیشرفت می گوید، بنابراین پسرفتش چی باشد؟! یا اینکه مفتی می خواهد اظهارات ضد دین اسلام اخیر خود را که از مفتی شدنش تا به حال ایراد کرده است، پیشرفت می گفته باشد. فتواهای به مسجد نرفتن جوانان، و دیگر احکام ضد اسلامی که از آنها به پیشرفت یاد کرده است. حال نمی دانم باید این ها را از خودش پرسید.....
حال مسئله عجیب تر هم اینکه علاوه بر اطلاعات نداشتن مفتی بر مسئله امام زمان، خیلی از اطلاعات دیگر دین اسلام را هنوز نمی داند که باید بیاید و مثل ملابچه ها از اول درس خوانده آنها را یاد بگیرد. بر طبق نظر سازمان کنفرانس اسلامی، مذاهب اسلامی، را که حساب می کنند، اسماعیلیان را خارج از دین می دانند و اساسا آنها را مسلمان نمی دانند. اما مفتی ما از آنها دفاع کرده و به سلفی ها که حداقل مسلمان هستند، حمله کرده و به شیعه نیز چنین می کند. این هم از بی سوادی اوست و یا اینکه از فشار اسماعیلی ها بر حکومت و مفتی؟ !!! والله ای مردم تاجیک آگاه باشید..... از حرفهای مفتی فریب نخورید.... در روز قیامت نمی گویند که تو از حرف کی گرفتی و زندگی کردی.... بلکه می گویند که به چه دلیل این حرف را قبول کردی و زندگی کردی....؟؟؟؟؟

ironi
emome zamon dar ghor ast va qaror ast az ghor birun bioyad? jenobe mufti, mutmaen hastid emome zamonro bo "ashobe kahf" eshteboh nagerefteid?!
az mardume oddi tavaqqui nist ammo shumo ba harhol "raeese shuroye ulamo"ye tojikeston hastid va hatto agar ba chizi eteqod nadorid, naboyad ham darboreye onchiz inqadr noogohu bi etteloot boshid chun mardum az shumo suol mipursand va shumo vazife dorid posukhe rostu durust bedahid. magar inke az ruye amd va qasd, va bo vujude inke etteloote kofi dorid, durugh beguyid, onham az menbare namoze jum`e.
voqean chunin ensoni hastid?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)