Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро "кишвари ҷавонон" номид

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 4-уми апрел дар доираи сафари корияш ба вилояти Суғд дар қасри фарҳангии Арбоби шаҳри Хуҷанд бо намояндагони ҷавонони лаёқатманди вилоят мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро “кишвари ҷавонон” номида, изҳори умед кардааст, ки “ҷавонони мо чун фарзандони асили Ватан барои тараққиёти Тоҷикистони азиз ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми сарбаландамон заҳмат кашида, кишвари худро ба давлати пешрафта табдил медиҳанд”.
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон аз мақомоту фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ хостааст, ҷавононро аз гумроҳӣ ва аз гароиш ба ҳаракату равияҳои бегонаю ифротӣ боздоранд: “Сохторҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар маҷмӯъ ҳамаи аҳли ҷомеаро зарур аст, ки ба масъалаи пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, дар ин самт чораҳои дахлдор ва таъхирнопазир андешанд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, зимни мулоқот “масоили вобаста ба таълиму тарбияи босифати насли наврас, бунёд ва навсозию таҷҳизи муассисаҳои таҳсилотӣ, тарғиби варзишгарӣ ва тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва аз гароиш ба равияҳои хатарноки ифротӣ, баланд бардоштани масъулияти раҳнамоии волидону омӯзгорон ва кулли аҳли ҷомеа ва ҳамчунин роҳҳои тақвият бахшидани ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақилли миллӣ баррасӣ шуд.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |