«Рози хомӯшӣ». Таҳти чунин унвон дар осорхонаи асбобҳои мусиқии ба номи Гурминҷ Завқибеков консерти вижа баргузор мегардад.
Бино ба гуфти масъулини маркази фарҳангии «Бохтар», ки аз мубтакирони тарҳи мазкуранд, дар ин чорабинӣ иштироки мутриб ва овозхонҳое аз қабили Александр Бизлӣ, Фурқат Мансуров, Арслонбек Хоҷаев ва Истам Холиқов дар назар аст. Консерт шоми рӯзи 20-уми август дар толори осорхона сурат мепазирад
Навои камонча, сетор, уд, дафу дойра ва рубобу гитор ба ҳам омезиш ёфта, дунёи аҷиби мусиқии ғарбу шарқро барои тамошочиён муҳайё мекунад, -афзуд манбаъ. {jathumbnail off}
Мӯҳр