Бахшҳо
04 апр 2014 10:25Тоҷикистон / Иқтисодӣ

7 назар: Аз ҷаримабандиҳои “Шаҳри бехатар” розиед?

Дар пасманзари сарусадо оиди гаронии ҷаримабандӣ тариқи лоиҳаи "Шаҳри бехатар", аз ҷумла 48 000 сомонӣ ҷарима шудани як ронанда дар Душанбе "Озодагон" аз сокинони пойтахт суол кард, ки оё аз ин низом розиянд?

Икром Бозоров, ронандаи таксӣ

Ҷаримаҳои камераҳо аслан мувофиқ нестанд. Як муштарӣ саросема аст ё ягон бемор дорад, 20 сомонӣ медиҳаду то Хонаи матбуот мебаред, дар роҳ яке чароғи сурхро мегузаред, хуб агар ҷаримааш 30 ё 50 сомонӣ мебуд, ҳеч гапе намебуд, вале 200 сомонӣ ҷарима меояд, ки ин бо ҳеч чорчўб мувофиқ намеояд. Дар Русия мо чароғи сурхро гузаштем, ҷаримааш 150 суми русист. Агар ҷаримаҳо арзонтар мебуданд, хубтар мешуд. Ҷуз ин андози зиёд месупорем, вале на роҳ обод мешаваду на пайроҳа.

Қутбиддин Мухторӣ, устоди ДМТ

Ман як маротиба барои зер кардани хатти уфуқии пиёдагард, ба маблағи 40 сомонӣ ҷарима супоридам. Қаблан дар як мақола хондам, ки маошҳои ҳадди ақал то чи андоза бо ин ҷаримаҳо мутобиқат мекунад. Агар чанд бор хато кунед ҷаримаатон ба ҳамон андоза чанд баробар мешавад. Аз як тараф агар ҷаримаҳо аз ҳадд паст бошанд, як тоифа мардуме ҳастанд, ки инро писанд намекунанд. Аз тарафи дигар ҳамин гуруҳи одамон шумораи камтарини ронандагонро ташкил мекунанд ва ба хотири қонуншиканиҳои ҳамин гуруҳ дигар ронандагон ҷабр мебинанд. Супоридани ин ҷаримаҳо барои бархе одамон ба хусус барои ронандагони таксӣ, ки дар як рӯз мумкин то 40 сомонӣ кор кунанд, бисёр мушкил аст. Ҷаримаҳо воқеъан бисёр гарон ҳастанд. Дар инҷо бояд фарҳанги ронандагӣ бошад, ки шумо аввалан хато накунеду баъд барқасд хилоф накунед, аз ҷониби дигар тасодуф ҳам кардед, ба кисаи шумо онқадар зарари ҷиддӣ наоварад. Ҳатто гоҳо мешунавем, ки аз арзиши мошин ҳам ҷаримаҳо зиёд шудаанд. Агар ин камераҳо ба мақсади ислоҳи кор ва баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ ва шаҳрдорӣ бошад, бояд як маротиба аз тариқи барномаҳои телевизионӣ тавассути як корманди БДА, ки таҷрубаи калон дорад ба мардум мефаҳмониданд. Гоҳо мешавад, ки хато кардан ё накардани шумо ташхисаш душвор мешавад, масалан дар бисёрҷоҳо дар назди чароғи роҳнамо хати уфуқӣ, ки бояд онро пахш накардаву аз он нагузаред, вуҷуд надорад. Ин хатҳо дар ҷойҳои дигар хира ё ки беранг шудаанд, инҳо ҳам боиси ҷарима шудани ронанда шуда метавонад. Агар қабл аз шинонидани камераҳо ташкили қоидаҳои қисмати роҳравӣ омода мешуданд, дар ин ҳолат розӣ шудан мумкин буд, ки ҷаримаи хато карданҳоро бипардозем. Гузашта аз ин на танҳо ҷарима, балки бисёр намуди дигари андозҳо ҳам ҳастанд, ки барои мардуми мо гаронӣ мекунанд. Агар ҳамин хел андозҳо боло рафтан гирад, намедонем дар ин шаҳр баъд кӣ зиндагӣ мекарда бошад.

Ҷалолиддини Сайидҷалол, ронанда

Вақте қонуншиканӣ кардӣ, дигар чорае ҷуз пардохти ҷаримаи он боқӣ намемонад. Ҳар кас намехоҳад ҷарима супорад, аз рӯи қонун кор кунад. Албатта бо пардохти ҷарима болои мо зӯр меояд, лекин аз ин ба баъд дигар қонунро риоя мекунед.

Ҷамила Мақсудова, журналист

Дар ҳамон бахши санҷиш 1 нафар кор мекунад ва барои як нафар қариб 40-50 дақиқа сарф мешавад, аввал аз рӯи компютер месанҷад ва бовар намекунад, ки ту ҷарима надорӣ, сипас аз рӯи протоколҳо, боз бовар накарда ба ҳуҷҷатҳои пардохтшуда мегузарад, ки баногоҳ ҷарима дошта бошиву пардохт накардӣ бошӣ. Дар маҷмуъ ҷаримаҳои камераҳо зиёданд. Агар бори аввал қоида вайрон кардед, 40 сомонӣ месупоред, бори дуюм ҳамон далел аммо алакай 80 сомонӣ мешавад, гузаштан ба чароғаки сурх аз 120 то 240 сомонӣ аст ва ин ба инсофи ҳамон корманди БДА вобаста аст. Агар дар як рӯз 3 бор қоидашиканӣ кардед, 120 сомонӣ месупоред.

Нозанин Собирова, ронанда

Пештар дар истгоҳ истодан метарсидем, аммо бо пайдоиши камераҳо дар роҳҳо низом ба вуҷуд омадааст. Вале нархи ҷаримаҳои он нисбатан баланд мебошад. Ин бо вазъияти мо мувофиқ нест, пардохти ҷаримаи зиёд намеарзад. Агар ақаллан роҳҳо ҳамвор мебуданд, мешуд, вале охир бо ин роҳҳои хароб фармони мошинро ба он тараф чархониданӣ бошед, дар чола меафтед. Хуб мешуд, ки хизматрасонӣ ҳам ҳамроҳи ҷаримаҳои камераҳо беҳбуд меёфт.

Нуриддин Қаршибоев, раҳбари НАНСМИТ

То ҳол ҷарима наовардаанд, вале, то ҷое хабар дорам, вақте ба ГАИ корафтода мешавед, ҷаримаҳоро меситонанд, агар не, мушкилатон ҳалли худро намеёбад. Ба назари ман, аслан Душанбе барои амалӣ кардани чунин лоиҳа омода нест, зеро роҳҳояш ба стандарту талабот ҷавоб намедиҳанд. Бубинед, дар чорраҳа барои насби камераҳо роҳро мекананд, вале пас аз анҷоми кор, онро таъмир намекунанд. Худи ҳамон чуқурҳо боиси маҷбуран вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат мешаванд.

Абдулмалик Қодиров, коршинос


Ростӣ, ман алҳол бо ин ҷаримаҳо рў ба рў нашудаам, вале аз он чи шунидам, низоми ҷаримабандӣ хеле ношаффоф аст, ки сабаби ришвахорӣ мегардад. Ҳамчунин бо назардошти сатҳи маоши кормандони буҷавӣ ин ҷаримаҳо хеле баланд аст.
Мӯҳр
Аслидин
Хамаи ин чаримахо ба кучо мерафта бошад? Фикр мекунам боз ба чайби сохибмансаб хастанд.Чуноне ки ширкати IRS-и сохибаш ким кадом хорича вале шахрвандии Точикистонро доштааст.Ки бовар мекунад ба ин .Худоё окибати хамаи мо точиконро дар панохат нигох дор Омин ...............

Самандар
Чарима сахт бошад, коидаро вайрон намекунй. Барои чй дар Чин коррупсия хеле кам аст? Барои он ки хар сол дар пеши чашми мардум фасодкоронро катл мекунанд.

Салом ба мардуми Точикистон холо мегуянд ки чарима хеле гарон аст Охи э мардум шумо хамина фахмед. км чарима барои он аст ки шумо коида харакати рохро вайрон накунед.Бачое ки шумо кушиш кунед ки коидаи харакати рохро вайрон накунед шумо мегунд. ки чарима гарон аст аз ин бар меояд ки шумо коидаи харакати рохро риоя кардани нестед.Ман худам низ иштирокчии харакати рох мебошам ва 100 % бо ин нархи чарима рози хастам.Агар бо нархи чаримаро мебарштон хеле хуб мешуд.Аз он рузе ки Шахри бехатар фаъолияти худро шуру кардааст рондани мошин хеле сабук шудааст.

Ба Самандар "Барои чй дар Чин коррупсия хеле кам аст? Барои он ки хар сол дар пеши чашми мардум фасодкоронро катл мекунанд." Агар дар Точикистон чунин конун амали гардад Точикистон дигар бе рохбар мемонад На Раис мемонад на Вазир на Раиси Очонси ва на !!!!!!!!!!!!! дигараш ба хама маълум зеро ки 99% чиноятхои иктисоди ва корупсионии кишвар ба хамин тоифа рост меоянд Матлаби 2юм ман шохиди холи як ходис хастам ки ин гуна чаримахои гарданшиканро шахсони мансабдор умуман намесупоранд ва ба монанди пули свет аз компютер хазф мегарданд .Хулоса дар чахон ягона кишвари мардумаш мазлум ва диктатори ба хисоб меравем.

Дехкон
Агар дар Точикистон ба монанди Чумхурии Чин барои ришвагири, хукми катл раво бошад , мебояд ба катл расонд.

Яъкуб.
Ачоиб як чарогаки сурхро гузари то 200 сомони чарима,аммо се нафарро зада кушти 120 сомони чарима ,ана ебеду гиред...

Дуруст аст, ки агар коидаи харакатро вайрон карди, бояд чаримаашро супори. Аммо илова бар ин хама сохибони мошинхо андози бисёр месупоранд. агар аз хисоби кисме аз ин андозхо роххоро таъмир мекарданд ва баъди насби чарогакхои нав чойхои кандаро мумфарш мекарданд, роххоро ба стандарти шахри бехатар мувофик мекарданд, хатхои уфуки ва амуди кашида роххоро чудо мекарданд, баъд дар хусуси чарима сухан кардан мумкин буд.

Хе нархи гузаштани чарогаки сурх аз гирифтани мошина кимат шудаст ку.....

салом хонандагони гиромикадр.Касе хамин шахри бехатарро фикр карда пешниход кард ташаккур бо аз ин хам зиёд кунанд чаримаро барои он, ки дар сари рул мешинан дар рохгузархо одамонро рох намедиханд

Ме бахшен хамон нафаронеки рох гузаронро ба болошон хаекарда мегузарн ваеора чарима намекунан ваео тага доран ранги хавеош барин 3 нафро мекушан ба 120 сомони озод мешаван агар мо чарогаки сурхро гузарем 200 сомон чартма месупорем агар фарзандони худшон бошад хамаи чаримахоро аз конпиютер тоза мекунан ин чаримахо факат бари мардуми бечорахае таммом дар баробарин хамаи рохо чукуришон то 12 сантиметр чукурае иашам ронадахоро чарима кунед бо аксарияати чарогако паласохои сафед рангошон рафтагияае иншам ронандхо аебдорн ХУДОВАНД БУЗУРГАЕ ХАМАРО МЕБИНА КИ АДУЛАЕ КИ НО АДУЛ

Шахрванд
Пешниход : Ин "ШАХРИ БЕХАТАР" бояд ба тарзи фаври сайти интернетии худаша боз кунад, ки шахрвандон битавонан харруза аз кор ва фаъолияти ин сохтор ва чаримахои осмонии мондаашон бохабар бошанд!!!
Мислеки ин хукуматдорон (сарватмандон) аз холи мардум ункадар дур шудаанд, ки хато тасавур надоранд, ки марум дар чи холанд.
Ва ункадар тарс аз вучудашон дур шудааст, ки фикри мурданхам надоранд.
Ин чуби Худо садо надорд,
Баъд аз заданаш даво надорад.

Шахрванд
Ин шахри бехатар не, шахри хатарнок гуем мешавад. Роххо хама бо сифати паст асфальт шуда, баъд водоканал чудогона, коммуникация чудогона роххоро канда хафтахо таъмир накарда мемонад, анна кихоро чарима кардан даркор. Умуман роххо ва аломатхои рох ба Шахри бехатар мутобик нест, чаримахохам хеле баланд. Макомотхои дахлдор бояд ин маблаги чаримаро дидабароянд. Акалан то 50% кам кардан даркор.

Рустам
Бародарон, саволе дорам, ба хамаи ононе ки фикри худро баён карда истодаанд. Барои чи мо дар бораи ину он, суханон гуфта истода, оиди конуни будан ё конуни набудани он чаримаситонихо ба лаб мухри хамуши задаем, ё ин ки аз гайриконуни будани ин чаримахо хабаре надорем? Якум ин ки агар хато накунам, чарима ин як намуди чазо ба хисоб меравад, ки руёнидани он, ба души судхо, вогузор карда шудааст. Дар ин бора хатто Карори суди Конститутсиони низ мавчуд аст. Ба фикри ман гунахгори асосии ин чаримаситонихои гайриконуни худи мо шахрвандон мебошем, зеро агар мо дар бораи тартиби руёниши чаримахо ва гайриконуни будани онхо сухане нагуем, хукуматдорон аз ин холат истифода бурда, корхои гайриконунии худро давом додан мегиранд ва мо шахрвандон, имконияти химояи хукукхои худро гум карда мемонем.

Salom
Aval rahora soz mekaden khub meshud, hamavakht in davlati nimkola obodi mo,hama vakht fikri sum jam kunidan

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)