Эшони Нуриддин дар бораи бозиҳои компютерӣ
Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо ҳукми бозиҳои компютерӣ дар Исломро шарҳ дода, раво хондааст.
Ин руҳонии маъруфи тоҷик дар посух ба суоли корбари Turajon.org гуфтааст, “бар асоси қавли уламои исломӣ агар бозӣ, аз ҷумла бозиҳои компютерӣ монеи адои фаризаҳои динии шахс нашаванд, ҷоизанд.”
Эшони Нуриддин дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, “агар маблағи интернет аз ҳисоби шахсе пардохт шавад, ки бозиро бохтааст, пас дар ин ҳолат он бозӣ ҷоиз нест. Зеро ин муомала ҳукми қиморро мегирад.”
Аммо ба гуфтаи ӯ, агар қабл аз шуруи бозӣ маблағ аз сӯи ҳар ду ҷониб ё як тараф пардохт шавад, раво дониста мешавад: “агар пули бозиро пеш аз шуруъ шавии бозӣ ду нафар ё як нафар диҳанд, пас дар ин ҳолат ҷоиз аст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |