Кумитаи андоз ширкати холдингии «Барқи тоҷик» - ро барои саривақт насупоридани андоз 118,6 миллион сомонӣ ҷарима бастаст.
Ба гуфтаи манбаъ, барои андозсупорандагоне, ки саривақт ба буҷа маблағ ворид намекунанд, фоизҳои муайяне мавҷуд аст, ки аз рўи онҳо ҷаримабандӣ мешаванд. Сарчашмаи хабар афзуд, ба ҳолати 1 –уми июли соли ҷорӣ қарзи «Барқи тоҷик» дар назди буҷет бо назардошти ҷаримаҳо 366,3 миллион сомонӣ шудааст, ки дар муқоиса бо оғози сол 58,7 миллион афзоиш ёфтааст.
Масъулини ширати «Барқи тоҷик», дар пайдоиши қарзашон муштариёни барқро гунаҳгор мекунанд, ки саривақт пули барқро насупорида истодаанд ва айни ҳол дар маҷ -мўъ аз «Барқи тоҷик» 750 миллион сомонӣ қарздор мебошанд. Дар мавриди супоридани ҷаримаҳо як масъули аз ширкати «Барки тоҷик» изҳор намуд, ки барои бекор ё кам кардани ин ҷаримаҳо ба сохторҳои дахлдор муроҷиат намудаанд ва айни ҳол барои ҳалли ин масъала дар назди Вазорати молия гурӯҳи кории махсус ташкил шудааст. Ба гуфтаи манбаъ аз «Барқи тоҷик», ин гурўҳи кории махсус то ҳанўз нисбат ба ҷаримаҳои «Барқи тоҷик» қарори мушаххасе қабул накардааст. {jathumbnail off}
Мӯҳр