Бахшҳо
03 апр 2014 17:08Тоҷикистон / Тема дня

Мусодираи моли мухолифин: Сиёсат ё иқтисод?

Дар пасманзари хабарҳои рӯзафзун оиди мусодираи молумулки дигарандешон ва ифтитоҳи парванда алайҳи бозори марбут ба хонаводаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” аз коршиносон омилҳо ва пайомади ин равандро пурсон шуд:


Лола Олимова, рӯзноманигори байналмилалӣ

Бо хабари боз кардани парванда дар нисбати моликияти наздикони Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон аввалин андешаам ин буд, Тоҷикистон давлатест, ки ҳеч шаҳрванд худро комилан амн эҳсос карда наметавонад. Давлате, ки қонунҳои худашро эътироф намекунад! Зеро ин ягона ҳолати мусодираи амволи хусусӣ нест. Мувофиқи қарор он моликияти хусусӣ карда баргардонида мешавад, ки он аз фаъолият боз мондааст. Вале ин бозор фаъол ва муваффақ ҳам буд. Даҳҳо хонавода онҷо кор мекарданд, зиндагиашонро пеш мебурданд, андоз месупурданд. Ҳолати ба ин монанд метавонад бозори “Зарнисор” бошад. Ба касе бозор писанд омад ва роҳат метавонад онро соҳиб шавад. Ҳукумате, ки шаҳрвандони худро эҳтиром намегузорад, шикаст меёбад. Инро таърихи башар исбот кардааст. Ва ин - танҳо суоли вақт аст...

Исмоил Талбаков, вакили парлумон, узви кумитаи иқтисод ва молия


Вақте шаҳрванд моликиятро мутобиқи қонун харидорӣ ва санадгузорӣ мекунад, ба ҳар иштибоҳи ҷойдошта мақомот ҷавобгӯ аст, на соҳибмулк. Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар воқеан дар ҳуҷҷатгузории ин бозор камбудие буд, чаро давоми 15 сол мақомот садо баланд накард? Бардоште ҳосил мешавад, ки шояд онҳо ба ин хомушӣ манфиатдор будаанд. Аммо соҳибмулк набояд ҷавобгари иштибоҳи мақомот бошад ва аҳамият надорад, ки молики он бозор кӣ аст, шаҳрванди дигаре, Муҳиддин Кабирӣ ва Исмоил Талбаков. Бозор то имрӯз кор мекард ва андоз месупурд, инҷо соҳибмулк уҳдадорияшро иҷро кардааст. Тавассути расонаҳо огоҳ шудам, ки Муҳиддин Кабирӣ дар баромади додгоҳиаш ишора ба номаи мақомоти амният кардааст. Агар ӯ дар додгоҳ парвандаи мазкурро “сиёсӣ” ва “супоришӣ” унвон кард, пас ҳатман далелҳое руйи даст дорад. Ҳоло ман дақиқ гуфта наметавонам, ки ин парванда сиёсист ё иқтисодӣ. Аммо инро таъкид мекунам, ки парвандаҳои иқтисодӣ бояд орӣ аз сиёсатҳо баррасӣ шуда, баҳои қонунӣ бигиранд. Сарқонун ҳуқуқи шахс ва моликиятро эътироф кардааст. Агар додгоҳи иқтисодӣ ҳукми ноодилона барорад, зиёни он натанҳо ба низоми додгоҳӣ, балки ба талоши ҳукумат барои бунёди ҷомеаи демократӣ мерасад. Чун, додгоҳ аз номи ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм содир мекунад. Аз ин хотир додгоҳу додрас бояд бо масъулият нозукбинона рафтор намоянд. Барои мисол аз натиҷаи қарори додгоҳ норизо будану оташ задани пирамард дар рӯ ба руи дастгоҳи иҷроияи президент чӣ қадар таъсири манфӣ ба ҳукумат расонд. Албатта ман кафолат дода наметавонам, ки тамоми ҳукмҳои содир намудаи додгоҳҳои кишвар аз руйи адолат буданд ва ё хайр. Аммо ҳаминро бояд таъкид кард, ки парвандаҳо бояд одилона, мустақилона ва аз руйи виҷдону инсоф баҳои ҳуқуқӣ бигиранд.

Ойниҳол Бобоназарова, роҳбари бунёди “Перспектива +”

Нахуст, ҳаминро гуфтаниям, ки вақте парванда дар нисбати чеҳраи шинохта боз мешавад, бидуни нома он сиёсӣ мешавад. Барои чӣ? Барои он, ки Кабирӣ аз вакилоне буд, ки пайваста садо баланд карда, бо интиқод ҳамзамон роҳи ҳалли мушкилро пешниҳод мекард. Дуввум, вақте Муҳиддин Кабирӣ дар баромади додгоҳии худ аз дастрасии номаи мақомот гуфтааст, ин “супоришӣ” будани парвандаро кафолат медиҳад. Яъне, ҳукумат аз Кабирӣ тарс дорад. Саввум шояд мақомот дар андешаи он бошанд, ки барои аз байн бурдани нуфузи Муҳиддин Кабирӣ ӯро аз лиҳози иқтисодӣ заиф намоянд. Аммо ин иштибоҳе беш нест. Тарафдорони наҳзат ба хотири ақида роҳбари худро дастгирӣ мекунанд. Фикр мекунам ин як тактика ва дурнамои ҳукумат аст. Зеро вақте чеҳраҳо бо ақида ва сармояашон муаррифӣ мешаванд, онҳо метавонанд барои ҳукумат “дарди сар” эҷод кунанд. Аз ин хотир ҳукумат ба мусодираи амволи наздикони Муҳиддин Кабирӣ шурӯъ кард, ҳамон гунае, ки мусодираи моликияти собиқ вазир ва соҳибкор - Зайд Саидов идома дорад. Ба андешаи ман додгоҳи Тоҷикистон дар ин маврид ҳеч вақт ҳукми одилона ва мустақилона содир намекунад. Ба хусус вақте парванда “супоришӣ” ва “сиёсӣ” ҳаст. Бигзор додраси беҳтарин ва бовиҷдонро раисикунандаи мурофиа таъин намоянд. Ин таъсире намерасонад. Чунки ҳокимияти додгоҳии мо бо ангушти ишораи ҳокимияти иҷроия фаъолият мекунад. Аз натиҷаи ин мурофиа хушбин нестам.
Мӯҳр
ХЕЛЕ АФСУСМЕХУРАМ, КИ МИЛЛАТИ МАН ТО ХАНУЗ МИЛЛАТИ ВОКЕИ НАШУДАВУ ДАР САРЗАИНИ КИШВАРИ МАН МОФИЯБОЗИВУ МАХАЛЛГАРОИ ВА НОАДОЛАТИ ДАР АВЧ АСТ. ВОКЕАХОИ АХИР НОРОЗИГИИ МАРДУМРО НИСБАТИ ХУКУМАТИ КУНУНИ ЗИЁД КАРДААСТ ВА ИН ХУКУМАТ АЗ ИН НОРИЗОИ ВОКЕАН МЕТАРСАД ВА КУШИШ ДОРАД КИ ХАР СЕЮМИН ОДАМИ КИШВАРАМРО КОРКУНИ МВД КАРОР ДИХАД. АММО ИН КОР ТО КАЙ?

БОЯД БО ШАХСОНИ МАРДУМИ ХУКУМАТ БОЗИ НАКУНАД ГАРЧАНДЕ СЕЮМИН ОДАМ КОРКУНИ МВД БОШАД ХАМ НАСЛИ ЧАВОНИ КУНУНИ ДИГАР ОН ЧАНГЕ КИ БО ЁД ОВАРДАНИ ОН МАРДУМРО МЕТАРСОНАНД ФАРОМУШ КАРДААНД! ОНХО ДИГАР ТОКАТИ ДИДАНИ ГАРИБИИ ПАДАРУ БАРОДАРИ ХУДРО НАДОРАНД! МАРДУМ ФИРЕБИРО БО ЛЕНТАБУРИ БАС КУНЕД! ХАКИКАТ РУИ ОБ МЕБАРОЯД!

ШУМО ФИКР МЕКУНЕД КИ МАРДУМ АЗ ТИЧОРАТИ ШУМО БЕХАБАРАНД! ТИЧОРАТИ ГАЙРИ КОНУНИИ ШУМО БА ХАМА АЁН АСТ! МИСОЛИ ОДИ РОХИ ПУЛАКИ КИ ХУНИ МАРДДУМРО ХУРДАН АСТУ БАС! МАХЗ ХАМИН МУНОСИБАТИ ШУМОСТ КИ ТОЧИРОН ДАР КИШВАРИ ХУД НАМЕХОХАНД КИ МАШГУЛИ ТИЧОРАТ БОШАНД! АЗ ПУЛДОРОН ХОСТААНД КИ ПУЛХОЯШОНРО БА КИШВАР ВОРИД КУНАНД АГАР НЕ МАЧБУРИ ВОРИД МЕКУНЕМ. шУМО МИЛЛИАРДХОРО АВВАЛ ВОРИД КУНЕД НАМУНА ШАВЕД!
ОНХО ДИЛПУРАНД ЗЕРО ДАР ХАМА ЧАНГУ МУНОКИША МАРДУМИ КАМБАГАЛЛ МЕМИРАД ОНХО БОШАНД БО САМАЛЁТХОИ ШАХСИ ВАКТЕ МАЧБУР МЕШВАНД БА ЗУДИ ТАРК ХОХАНД КАРД! ХОХИШ МЕКУНАМ АДОЛАТРО ЧОРИ КУНЕД ДЕР НАШУДААСТ! ТАКДИРИ ИН МИЛЛАТРО БА НЕСТИ НАБАРЕД!

як лакайбачадар политехникум магазини есин кардааст тамоми доми баланд ошена аз хамунаст як та гапаш намезана канд зана восеги

Дехкон
Афсусссс!!!!!! Сад афсус!!!! Сад афсус!!!!! То ба кай!!!!!!

Шукронга куне , Шукрона кунед ки хавои бе андоз нафас мекашед магар ин бинои аз хама бо хашаматтарини кишварро намебинед ? вай чи барои тамошо бино шуда истодааст? Хозир кхарашон мебиёд аз хамун хавоям андоз месупуред. Шукрона кунед Шукрона хамин давлат кунед !

Рохбарияти Точикистон аз обруи баланд ва дар Русия бо амалдорони баланпояи он вохурдани Кабири рашк бурда мехоад уро камбагалу нотавон кунад

Дар бораи Фарзона, кудакон ва сохибкорй. Фарзона дар назди Президент дар Хучанд мегуяд "хуш омадед мехмонон аз Душанбе". Хисси миллй нест. Бояд мегуфт, ки ин парчам моро аз тамоми гушаву канори Точикистони азиз чамъ овардааст. Боз у зиёй аст. Кудакон чун солхои пеш дар хунукй васфи Президентро доранд. Худ гуфта буд, ки дигар кудаконро гам натихед. Сохибкорй. Хамин ифтитохи заводу фабрика давлатй аст ё шахсй? Гранд аз хисоби бонкхои хоричй бар души мардум, окибат шахсй... Тайи 20 сол чунон лента буридем, ки 4 Шанхай сохтан мумкин буд. Ба мошин аз Панч то Чкалови Сугд рафтам, ягон заводу фабрикаи фаъолро надидам. Отмивание денег.

Да, всё это отмывание денег.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)