Дар ҳамин ҳол Нусрат Илёсов, сокини Шаҳритус ва яке аз ёварони Саъдуллоев, ки аз аввал дар бунёди бозор иштирок кардааст, иддаои Абдуллоеваро рад кард: "Ин бозор аз аввал бо мусоидат ва кӯмаки Муҳибулло Саъдуллоев сохта шуд ва дар охир вақте бозор фаъол гардид, Бурҳон Абдуллоев коре кард, ки тамоми саҳмдорони ин бозорро канора монд."
Илёсов таъкид намуд, Саъдуллоев на тамоми бозор балки саҳми худро тариқи қонунӣ талаб карда истодааст: "Тибқи созиш бояд 50 дарсади саҳмияҳои бозор ба Абдуллоев ва 50 дарсад ба Саъдуллоев мерасиданд. Аммо Абдуллоев коре кард, ки саҳмияҳоро ба номи зану фарзандонаш гузаронда азхуд кард."
Ӯ илова намуд, ки Саъдуллоев бе ягон сӯиистифода аз хешутаборияш бо роҳбарияти кишвар ин қазияро хост, тариқи додгоҳ ҳал кунад: "Ҳозир замони зӯрӣ гузаштааст. Саъдуллоев ба додгоҳ муроҷиат карда, ҳаққашро талаб дорад. Аввал ба додгоҳи иқтисодии вилоятӣ ва баъдан ин масъала ба Додгоҳи Олии иқтисодӣ рафт."
Ба гуфтаи Илёсов ва тавре, ки худи Абдуллоева низ таъйид кард, феълан ин қазия дар Додгоҳи Олии иқтисодии Тоҷикистон қарор дошта, баррасии он идома дорад. Мӯҳр