Бахшҳо

Сабти нахустин ҳолатҳои “облава” дар Душанбе (ВИДЕО)

Сокинони маҳаллаи Мирзобеки ноҳияи Шоҳмансури Душанбе мегӯянд, рӯзи 2-юми апрел шоҳиди “облава”-и бархе аз ҷавонони маҳаллаашон шудаанд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллаи мазкур 2-юми апрел, 7 нафар, ки 3 нафарашон либоси низомӣ доштанд, савори нақлиёти “Газел”, бе ҳузури раиси маҳалла ба хонаи ҷавонони синни ҳарбӣ даромада, чанд ҷавонро маҷбурӣ ба микроавтобус даровардаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар арафаи даъвати баҳории наваскарон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон супориш дод, аз усулҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон ҷилавгирӣ шавад ва ҷавонон тариқи тарғиби ватандустӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб гарданд.

Фариддун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати мудофеаи Тоҷикистон низ дар пайи нашри фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи даъвати баҳории наваскарон гуфт, ин раванд тибқи талаботи қонунҳои кишвар сурат мегирад: “Облава намешавад. Чунин мафҳум умуман дар қонунгузории кишвар вуҷуд надорад.” Маҳмадалиев таъкид намуда буд, ки он ҳама гуфтугузорҳои қаблӣ, ки гӯиё дар гузашта аз роҳҳои ғайриқонунӣ барои ҷалби наваскарон истифода мешудаанд, беасосанд ва аксаран далели мушаххас надоранд.


Видеои ҷалби ҷавон ба хидмати ҳарбӣ, ки охири соли 2013 нашр шудааст:

Мӯҳр
Tojik
baroi hudashro shirin kardan suhanhoro meguyad, ammo az kafo boz meguyad koratonro davom dihed yane ablavaro.

Дуст
Баъди тамошои инавор асабам вайрон шуд. Аблахо миллата шарманда карден, на кадри модар мондааст на аз зан на инсонгари бешарафои беномус. Мемурен ай у кашокашда мачлисхо чамъомадхои фарханги ташкил карда падару модара даъват карда инсонвор ташвикот бареду мардума гуломвор истифода накунен......эй бало ба пастон!!!!

Оббох
Руйяшон сиёх кати облаваи мекардагишон

Махмад
Махмадалиев . Хакиката гуфтан даркор. Мансаб молу мулк обру хама чиз ай сари одами мемонад. Танхо ба инсон номи нек, вичдони пок, росткавли, хакикатчуи ва дар назди Худо хисобот додан аст. Он чизе, ки хар руз дар чомеа аст чаро намебини. то кай лагандбардорони (вазифадорон) давлати дуруг мегуед. Он чи ки аён аст хочат ба гуфтан нест.

Crazy
Махин
Ин Видеои кухна аст!!!!!!!!!

душанбе
Crazy,
бад хамино ватана мухфизат мекунан. хол ки волидайни онхоро шумо хору зор мекунед. сухани прнзиденти кишвар чи мешавад

Чамшед8808 н.Восеъ
Мурад хаминхел чавон ки мегуи сарашро хозир мебурранд. Ба тарики даъват ки нашуд чи кор кунанд дигар? Мачбуранд, ки мачбури баранд. Ягон рохи дигарашро ёфтан даркор, ки хама бо пои худ ба хизмат раванд. Озодагон як маколаи кушод яъне пешниходхо ва фикрхои хонандагонро шунавем, ки чи бояд кард ки наваскарон аз хизмати харби нагурезанд ва бо хохиши худ ба хизмати модар ватан раванд. Ва инро ба вазорати Мудофия пешниход намоем, ки агар ин тавр кунем артиши мо пеш меравад, дигар наваскарон аз хизмати харби намегурезанд. Боки саломат Бошед!!!

Шахрвандони ВАТАНАМОН!!! Дида истодает "ЧАНОБИ ОЛИ" чи мегуяду хизматгоронаш чи кор мекунанд. Инхо мардумро бадбахт карда истодаанд. Аз хар чихат фишор, озоди махдуд карда истодаанд. Аллакай хар як коргари давлати коидахои худро дорад. Конуни асоси барои фиреб аст.

Авало бояд аз писарони мансабдор шуруъ кунанд ва баъд писарони одиро дуюм ин ки президент вактхои Охир имиджашро аз додааст на сиёсат пеш рафтасодас на суханонаш холо он ки аз авал гуш намекардан сухани президентро Хозир давраи пора аст сеюм ин ки бояд хизмати харбиро як сол кардан дар кор медонед барои чи? барои он ки солдат як сол дар хизмати ватан бошад як соли дигараш дар хонаи командирош побел ва гов мол нигох мекунад

Бе ном
Ин бадбахтхо миллитро шарманда карданд. Оё хаминхо набуданд аз чанг хаккони мегурехтанд.

тчк
Облаваро гайриконуни элон кардан. Зуртон браса бзанен барои химояи худ

АЙБ АСТ
ОЗОДАГОН, ДУРУГ НАГУЕД.
Ин фидеои порсола аст.

фаттох
Хайр акун дигар рох надоранд! ДАР райони Ленин хам аблава дар авчуш карор дора! Комиссархо , афицерхо хам меган ки бе облава намешавад, значить гапи президент дар хаво мемонад

Хаким
ИН ВИДЕОИ НАВ НЕСТ ОЗОДАГОН! БАРОИ ЧЙ МАРДУМА ДУРУГ МЕГЕН? САБТИ НАХУСТИН ХОЛАТИ "ОБЛАВА"-ТО ДУРУГАЙ! ИН САБТИ СОЛИ 2013 ХАЙ Ё ДАЖЕ АЙ ВАЙ ХАМ КУХНАТАР!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)