ВИДЕО: Генерал Раҳмоналӣ ваъдааш ба сарбози маъюбро кай иҷро мекунад?
Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон ваъдаашро дар бораи пардохти маблағи ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик, иҷро накардааст. Ин сарбоз дар пайи латту кӯби шадид аз сӯи ҳамхидматаш ҷароҳати вазнин бардошта, тӯли 25 рӯз дар беморхона интизори ҷарроҳӣ аст.
Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбози латтукӯбшуда, ки сутунмӯҳрааш шикастаасту ба табобати фаврӣ ниёз дорад, мегӯяд, ҳар чанд генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба аёдати писараш омада, ҳазинаи ҷарроҳиаш аз сӯи давлатро ваъда дода буд, вале то ҳол ҳеч гуна иқдоми ҷиддиеро дар ин бора аз сӯи сарраёсат дар амал намебинад.
Мирзоев гуфт, “ҳоло маълум нест, маблағи ҷарроҳии писарамро аз куҷо пардохт мекунам, дирӯз ба командираш занг зада дар ин бора суҳбат доштем, аммо ӯ мегӯяд, ҳеч гуна кӯмаки молӣ карда наметавонад.” Падари сарбоз илова кард, ки табибон ба ӯ гуфтаанд, ҳадди ақал давоми 20 рӯзи оянда писараш бояд ҷарроҳӣ шавад.
Худи сарбоз мегӯяд, давоми чанд рӯзе, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, вазъи саломатии ӯ беҳбуде наёфта, ба ҷузъ даст узвҳои дигари баданаш ҳамоно ҳаракат намекунанд. Ба гуфтаи Шаҳбол Мирзоев, танҳо доруҳое, ки барои муътадил нигоҳ доштани вазъи саломатияш заруранд, аз сӯи Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон феълан таъмин мешаванд.
Шаҳбол Мирзоеви 23 сола, ки фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд мебошаду ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафтааст. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латтукӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад. Додситонии низомии гарнизони шаҳри Душанбе, ки ҳоло ин қазияро тафтиш дорад, мегӯяд, гардани Мирзоев дар пайи куштии маҷбурӣ шикастааст. Хабаргузории "Азия Плюс" такя ба иттилои ин ниҳод навиштааст: “Гардани Шаҳбол Мирзоев дар натиҷаи маҷбуран гуштӣ гирондани ӯ бо кӯҳнасарбоз - Усмоналӣ Ғайратов шикастааст. Алайҳи Ғайратов тибқи моддаи 373-юми Кодекси ҷиноӣ (вайрон кардани қоидаҳои ойинномавии муносибат байни хидматчиёни низомие, ки тобеъи ҳамдигар нестанд) парванда боз шудааст.”
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия қасдан латукӯб шудани сарбоз Шаҳбол Мирзоевро такзиб ва айбдор будани масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадии кишвар дар ин қазияро рад кард.
Дар иттилоияи ин ниҳод омадааст, “пеш аз ҳодисаи осебгирии Мирзоев Шаҳбол дар вақти гӯштингирӣ Ғайратов ягон маротиба мавриди лату кӯб қарор надошт. Ҳолати бо теғ (лезва) буридани пойҳои Мирзоев Ш. Н. ҳам ба ҳақиқат наздикӣ надорад, танҳо баъди гирифтани осеб аз ҷониби табибон барои муаян кардани ҳискунии пойҳои ў бо сўзан пай монда шудааст.”
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфта буд, ки сарбози осебдида айни ҳол дар беморхонаи ҷумҳуриявии Қарияи боло, бо тамоми лавозимоти тиббӣ таъмин буда, табобаташ таҳти назорати табибони Сарраёсати Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ қарор дорад: “Муолиҷаву табобат тавре қонун пешбинӣ кардааст, аз ҷониби Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар ба таври ройгон таъмин карда мешаванд."
Аммо худи сарбоз ин ҳамаро рад карда, мегӯяд, фелдшер ӯро беасос мавриди латтукӯби шадид қарор дода, ҳангоми ба ин ҳолат гирифтор шуданаш ҳам, барои интиқол ба беморхона иҷоза надодааст: “Гуфтам, ба аком занг зада гӯед, маро ба беморхона барад, вале гуфтанд, дар сурате занг мезнем, ки гӯи худат баъд аз кашидани нос аз болои стулча ғалтидаӣ. Ман розӣ шудам, то зуд ба беморхона интиқол ёбам, аммо бо вуҷуди ин занг назаданд.”
Дар ҳамин ҳол Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, мегӯяд, дар қазияи зерҳимояи ӯ Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон наметавонад, айбдор набошад ва бояд хазинаи табобаташ аз сӯи ин ниҳод пурра пардохт шавад. Ҷӯраев таъкид дорад, “азбаски Шаҳбол аз ҷониби Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми санитарии Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ, яъне нафаре, ки дар ин ниҳод кор мекунад, латту кӯб шудааст, бояд зарари расидашуда аз сӯи сарраёсат ҷуброн шавад.” Ӯ илова кард, ки ҳоло онҳо ният доранд, ба таври расмӣ аз тариқи нома ба масъулини Сарраёсати қушунҳои сарҳадӣ муроҷиат карда, ҳақиқати ваъдаи генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ барои пардохт шудани маблағи ҷарроҳии зерҳимояаш аз сӯи давлатро муайян созанд.
Суроғаи мустақими видео дар youtube: Сарбоз:
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |