Кабирӣ парванда алайҳи хонаводаашро “сирф сиёсию супоришӣ” хонд
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон парвандаи бознамудаи Оҷонсии зидди фасодро нисбати бозори “Саховат”-и шаҳри Турсунзода, ки ба хонаводаи ӯ тааллуқ дорад, “сирф сиёсӣ” хонд.
Оҷонсии зидди фасод гуфтааст, бозори “Саховат”, ки ба хонаводаи Кабирӣ тааллуқ дорад, ба далели камбудӣ дар санадгузорияш бояд аз соҳибмулкони феълияш гирифта шавад.
Аммо Кабирӣ дар мурофиаи додгоҳии рӯзи 2-юми апрел дар шаҳри Турсунзода баромад карда, парвандаро “супоришӣ, сиёсӣ ва ноодилона” хонда, таъкид кардааст, ки он ба ягон мантиқ рост намеояд: “Як чиз барои ман ва хонаводаамон ошкор аст, ки агар супориши сиёсӣ аз болотарин сатҳ барои гирифтани ин бозор аз хонаводаи мо содир шуда бошад, на ин суханронии ман ва на вакилони дифоъу ин додгоҳ, ҳатто сарқонун дигар кумак намекунад.”
Кабирӣ гуфт, қаблан тасодуфан ба дасташ санади имзокардаи муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба мақомоти андоз ва Агентии зиддикорупсионӣ расидааст, ки дар он номи чанд корхонаи тиҷоративу истеҳсолиро овардааст, ки бояд санҷида шаванд: “Ҳамаи ин корхонаҳо ба аъзои хонавода ва хешу табори ман тааллуқ доранд. Пас маълум мешавад, ки мавриди таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ қарор гирифтани ин корхонаҳои мавҷуда дар ноҳияҳои гуногун ва мутааллиқ ба афроди гуногун танҳо ба хотири наздикии соҳибонашон ба ман мебошанд. Ба ибораи дигар, ман сабаб гаштаам, ки хешовандони ман мисли ҳар шаҳрванди дигари кишвар аз ҳаққи тиҷорат ва соҳибкорӣ маҳрум шаванд. Яъне, онҳо наметавонанд соҳиби молу мулке ва шароити беҳтари зиндагӣ бошанд ва бояд барои наздикӣ бо ман ҷазо бикашанд.”
Кабирӣ аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки маҳз бо хоҳиши ӯ хешовандонаш тиҷораташонро аз Русия ба Тоҷикистон кӯчондаанд. Мушаххасан дар бораи бозори “Саховат”-и Турсунзода Кабирӣ афзудааст, ки он ба писари аммааш тааллуқ дорад, ки аз Русия ба Тоҷикистон ҷалб шудааст: “Барои осон шудани кор ва боварии ҳамагон, бозорро дар номи ҳамсари ман, Раҳматуллоева Мастура сабт кардем ва директори бозор яке аз писарони аммаам таъйин шуд. Имрӯз онҳо ҳақ доранд аз ман бипурсанд, ки чи шуд он замонатҳои додашуда, ки тоҷикон ҳамдигарро бахшидаанд ва дигар барои андешаҳои сиёсӣ инсонҳо таъқиб намешаванд. Аз ҳама аламовараш он аст, ки ҳеч кадоми онҳо ба сиёсат сару кор надоранд ва танҳо аз пайи зиндагии хеш мебошанд.”
Кабирӣ зимни мурофиаи додгоҳӣ дар хитоб ба раисикунандаи парванда гуфтааст, “ин бозор 15 сол боз кор мекунад ва агар камбудие дар санадгузории он бошад, пас тибқи қонунгузории Тоҷикистон муҳлати даъво аз тарафи мақомот ё шаҳрвандон кайҳо гузаштааст ва инро ҳар як ҳуқуқшинос медонад. Муҳлати ҳадди аксари даъвои иқтисодиро қонунгузор се сол муайян кардааст. Ҳол он, ки дар байн чандин санад, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи афви молу мулк аз соли 2007 қабул шудааст, ки тибқи моддаи 7, амволи то лаҳзаи қабули қонун мавриди хариду фуруш ва соҳибмулк қарор гирифта, дар сурати набудани даъвои судӣ то қабули қонун мавриди афв қарор мегирад.”
Кабирӣ илова кардааст, ки “агар қарори суд Худое накарда ба гирифтани моликияти мо содир карда шавад, на як шаҳрванд, балки садҳо шаҳрвандон бо айби мақомоти давлатӣ зарари молӣ ва маьнавӣ мебинанд, ки барои давлати иҷтимоӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ муносиб нест, зеро дар ин бозор бештар аз 700 соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ҳар кадом чандин нафари дигарро мехуронанд.”
Дар муроҷиат ба суд Кабирӣ илова намудааст, ки “агар ҳукми гирифтани моликияти моро ҳам содир кунед, аз шумо ва низоми судии кишвар гиламанд нахоҳам буд. Чун мушаххас аст, ки қарор дар он сурат сиёсӣ хоҳад буд, на ҳуқуқӣ. Ҳукми гирифтани моликияти мо танҳо дар як сурат метавонад содир шавад ки агар супориши қатъии мақомоти баланди давлатӣ вуҷуд дошта бошад. Дар ин сурат шумо илоҷе дигаре надоред. Дигар ягон далел вуҷуд надорад. Ин ҳамаро аз фаъолияти сиёсӣ ва мавқеъи шаҳрвандии худ медонам. Эътиқод дорам, ки ризқро Худованд медиҳад ва бо гирифтани моликияти мо касе таъсир болои мавқеъҳои шахсии мо расонида наметавонад. Ҳеч тағйире дар мавқеъҳои мо нахоҳад буд.”
Раиси ҲНИТ таъкид кардааст, ки “агар ҳадафи мо моликият мебуд, мисли дигарон хушомадгуйӣ мекардем, вале тули фаъолияти соҳибкориам танҳо ба хотири истиқлолияти иқтисодии хеш ва наздиконам фаъолият доштаам. Бо доштани имконият, ҳанӯз ҳам бо ҳафт фарзанд дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекунем, вале даҳҳо варзишгару адибу донишҷуёнро, шукри Худованди карим тавонистем кумаки молӣ намоем.”
Дар ҳамин ҳол мурофиаи навбатии парванда нисбати бозори «Саховат»-и Турсунзода, 10-уми апрели 2014 таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |