Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд субҳи имрӯз, 2-юми апрел ба ҳаёти бархе аз сокинони одии шаҳри Хуҷанд нороҳатиҳо ворид намудааст.
Ба гуфтаи бархе аз сокинон тадобири амниятӣ ва роҳбандӣ зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон боиси аз кору таҳсил дер мондани бархе аз сокинони Хуҷанд гардидааст. Инчунин як донишҷӯй, ки дар маросими истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон назди пояи 55-метрии парчам иштирок кардааст гуфт, субҳи имрӯз донишҷӯён ва бархе мактабхонҳо дар ҳавои нисбати рӯзҳои дигар сардтар муддати дароз интизори раисиҷумҳур буданд:
Мӯҳр