Фиреби 200 зоири тоҷик дар Қирғизистон
Додситонии вилояти Ӯши Қирғизистон таҳқиқи қазияи фиреби 200 шаҳрванди Тоҷикистонро оғоз кардааст, ки бар ивази 348 ҳазор доллар ба онҳо квотаи тақаллубии ҳаҷ дода шуда буд.
Тибқи иттилои масъулини додситонӣ, Ҳоҷибошӣ, як сокини Қирғизистон ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҳаҷ тавассути қаламрави кишварашро ваъда, карда ба онҳо бар ивази маблағи муайян раводид ё визаи Арабистони Саудӣ пешниҳод кардааст. Аммо манбаъ мегӯяд, ин шаҳрвандони Тоҷикистон дар роҳ ба сӯи Хонаи Худо дар Туркия ба хотири тақаллубӣ будани раводидҳои худ дармонда, аз зиёрати Каъба маҳрум шудаанд.
Айбек Турганбаев, додситонии Ӯш дар суҳбат бо “Вечерний Бишкек” гуфтааст, рӯзи 27 март як гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон шикоят бурда, гуфтаанд, чанд тан аз сокинони Қирғизистон аз роҳи фиреб, ки гӯиё онҳоро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристанд, маблағи зиёд ситонидаанд. Турганбаев мегӯяд, рӯзи 29 март дар робита ба ин қазия додситонии Ӯш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло аз сӯи муфаттишони ин ниҳод таҳқиқи ду ҳолати тақаллубии марбут ба ҳаҷ, соли 2008 ва 2010 идома дорад.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳар чанд ҳамасола барои Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор ҷой дар маросими ҳаҷ ҷудо мешавад, вале боз мушкили норасоии квота ба назар мерасад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |