Баҳси алимент дар оилаи серфарзанди азҳампошхӯрда
Нилуфари КАРИМ
Абдушукур Асроров, падари оилаи серфарзанди азҳампошхӯрда иддао дорад, ки мақомоти додгоҳӣ беасос ӯро водор мекунанд, ки барои тарбияи фарзандонаш ба собиқ ҳамсараш алиментпулӣ пардохт кунад.
Ин сокини ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба идораи «Озодагон» муроҷиат карда, арз дошт, ки ӯ соли 2006 аз оилааш Шаъмигул Қувватова ҷудо шуда, муддати аввал панҷ фарзанди онҳо дар тарбияи падар ва бобояшон будаанд: “То соли 2012 фарзандон бо модари худ рафтуомад доштанд, вале Шаъмигул Кувватова нафареро аз кӯдакон бо худ намегирифт. Моҳи апрели 2012 сол бошад Шаъмигул бо аризаи даъвогӣ барои алимент ба суди ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат кард. Ҳоло он, ки фарзандон тамоми ин солҳо бо мо буданд.”
Асроров афзуд, ки додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ якчанд маротиба ӯро даъват кард, вале ҳалномаро 10 майи соли 2012 ба фоидаи завҷааш дар набудани ӯ баровардааст. Ин падари серфарзанд мегӯяд, айни замон ду фарзандаш дар мактаб-интернати ноҳияи Балҷувон, дар тарбияи давлат қарор доранд: “Як фарзанди дигарамонро модараш бурда, дигар наовард ва бо ман як духтарам аст.”
Бо зикри ин омил Асроров мегӯяд, боз ба суди ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат намудаст, то ҳалномаи қаблӣ дар бораи алимент аз сари нав дида шавад. Ӯ мегӯяд, тибқи ҳалномаи қаблӣ бояд ба ду фарзандаш моҳе 80 сомонӣ пардохт намояд, дар ҳоле, ки дар дасти занаш танҳо як духтараш мондаасту худи ӯ мувақатан бекор мебошад.
Асроров меафзояд, ки додгоҳ бори дуюм аст, ки аризаи ӯро қабул намекунад ва додрас Комила Қурбонова ва раиси суди ноҳияи Ҳамадонӣ Эраҷ Ширинов мегӯянд, «мо чӣ гуна ҳалномаи худро бекор мекунем!» ва ҳатто ин парвандаро ба суди вилоят, ки дархост шудааст, намефиристанд.
“Кӯдакон ҳама вақт бо ман буданду ҳастанд, вале суд маро аз моҳи марти соли 2012 вазифадор кардааст, ки алимент супорам. Чанде пеш ҳатто даъват карда гуфтанд, ки агар алимент насупорӣ боз ба ҷавобгарӣ кашида мешавӣ ва чаро аризаи маро барои аз нав баррасӣ кардани ҳалнома ва кам кардани алимент қабул намекунанд, ман боз ба куҷо муроҷиат кунам, вақте онҷо ҳатто дархости органи болоии хеш Суди вилояти Хатлонро писанд намекунанд”, мегӯяд Абдушукур Асроров.
Эраҷ Ширинов, раиси додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарҳи қазия ба “Озодагон” гуфт, воқеан додгоҳ дар мавриди ситондани алимент аз Асроров барои тарбияи фарзандҳояш қарор баровардааст: “Аммо Асроров аз супоридани алимент даст кашидааст. Прократура тафтишот бурд ва суд кори ӯро дид, ки ними маблағи алиментро супориду нимаш мондааст. Ҳоло ҳамон маблағи боқимондаро, ки зиёда аз 700 сомонӣ аст насупорида боз омадаст мегӯяд, ки алименташро кам кунанд. Мо чанд маротиба гуфтем, ки аз интернат маълумотнома биёр, ки ҳақиқатан ду фарзандат дар онҷо парвариш меёбанд. Мо он ҳуҷҷатҳоро ба иҷрочиён мефиристему ҳамон алиментро мо қатъ мекунем”.
Раиси додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ илова намуд, ки нисбати Асроров барои саркашӣ аз пардохтани алимент ду маротиба кори ҷиноятӣ оғоз карданд: “Кӯдаки майда дорад гуфта пешинҳодаш карданд, ки маблағи алиментро супорад. Дар ин ҷо забонхат дорад, ки уҳдадор мешавам то муҳлати муқарраршуда қарзамро месупорам. Чанд маротиба гуфтем, ки ариза пешниҳод кун дар мавриди қатъ кардани алимент ва ҳуҷҷатҳои лозимиро биёр баъд он маблағе, ки то ҳол қарздор аст пардохт кунад, дигарашро қатъ мекунем, аммо то ҳол ягон чӣ наовардааст.”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |