Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба шоҳи Арабистони Саудӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба Риёз бо валиаҳд ва вазири дифои Арабистони Саудӣ амир Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуда, ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар мулоқот паёми расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони Ходими Ҳарамайни Шарифайн, подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд супорид: “Дар он паём президенти Тоҷикистон зимни изҳори рағбат ба густариш ва таҳкими муносибатҳои ҳамкорӣ байни ду кишвар, аз Подшоҳи Арабистони Саудӣ даъват ба амал овардааст, ки аз Тоҷикистон боздид ба амал оварад.”
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон меафзояд, ин даъвати Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипос пазируфта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |